Зеҳн
Фариштамоҳ

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ буда, сагузашти подшоҳ ва писарони ӯро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он воқеаҳои аҷибе оид ба ҷустуҷӯи ишқи Фариштамоҳ ҳикоят мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 14 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Соҳиби оина ҳам ташаккур гуфта, оинаро гашта дод. Аммо себи ҳаётро, ки хӯрда буд, гардонда дода наметавонист, бинобар ин соҳиби онро ҳамсари худ интихоб кард.

— Офарин! — гуфт писари подабон.

— Аҳсан! — гуфт лӯхтак бо овози борику баланди худ.

Писари подабон нақли дигар сар кард:

— Як подшоҳи золим як деҳқонро куштанӣ шудааст. Деҳқон бо тадбире аз дасти подшоҳ халос мешавад. Эй Фариштамоҳи зебову доно, шумо гӯш кунеду ҷавоб гӯед.

Подшоҳ барои ҷазо додани гунаҳгорон чунин роҳ пеш гирифта будааст: ду коғазпораро гирифта, дар рӯи яктоаш марг ва дар рӯи дигараш ҳаёт менавиштаасту баъд коғазпораҳоро печонида ба гунаҳгор дароз мекардааст. Агар гунаҳгор коғази дар рӯяш марг навишташударо гирад, ба қатл расонида мешудааст, агар коғази ҳаётро гирад, аз қатл эмин мемондааст.

Ҳамон деҳқон подшоҳи золимро ҳақорат додааст. Подшоҳ деҳқонро ба зиндон андохтаасту ба фикри қатли ӯ афтодааст. Аммо ӯро аз рӯи тартиби пештара ҷазо додан нахостааст, то ки деҳқон коғази ҳаётро гирифта, аз қатл халос нашавад. Бинобар ин подшоҳ бисёр фикр карда, як ҳиллаи дигар ба кор андохтааст. Вай ба рӯи ду коғаз марг навишта, ба деҳқон доданӣ шудааст. Як кас деҳқонро аз ин воқеа огоҳ кардааст.

Деҳқон дар вақти гирифтани коғаз коре кардааст, ки ҳам каси огоҳкарда номаълум мондаасту ҳам худаш аз мурдан халос шудааст.

— Деҳқон чӣ кор кардааст, эй бонуи хирадманд? Ба ин савол ҷавоб гуфтани шумо душвор будагист?

Фариштамоҳ фикр накарда ҷавоб дод:

— Деҳқон яке аз коғазпораҳоро гирифта фурӯ бурда, ба подшоҳ гуфтааст:

— Бинед, агар дар рӯи коғази дигар ҳаёт навишта шуда бошад, пас, ман коғази маргро хӯрдаам, дар ин ҳолат маро ба қатл расонед, агар баръакс бошад, ман озод шудаам.

— Офарин, сад офарин! — гуфтанд лӯхтаку писари подабон.

Писари подабон боз як нақл сар кард.

— Як подшоҳ рӯзе ба сафари баҳр баромаданӣ шудааст. Акнун

пешина
аз 14
навбатӣ