Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

ҲикояАфсона
Аз аввал хондан

як ба як гуфт. Баъд аз ин ҳамроҳи чӯпонон зиста, рафта-рафта як ҷавони тануманду пурқувват ва зебо шуд.

Пас аз чанд вақти дигар вай қарор дод, ки сафарашро давом дода, бахташро ҷустуҷӯ кунад. Вай либоси чӯпонӣ пӯшида, бо чӯпонон хайрухуш намуда, баромада рафт.

Рафт, рафт ва чанд вақт роҳ гашта, ба канори як дарёи калон расид. Дар лаби дарё як киштии бузург ба сафар тайёр шуда меистод. Музаффар ба киштӣ савор шуд. Киштӣ ҳаракат кард. Якбора дар об талотуме пайдо шуд. Одамони дар киштӣ будагӣ гиряю нола бардошта, ибодат кардан гирифтанд. Музаффар воқеаро фаҳмиданӣ шуда, аз онҳо пурсид. Маълум шуд, ки дар ин дарё як наҳанги бисёр калон зиндагонӣ карда, киштиҳоро дам мекашидааст.

  • Акнун мо ҳалок шудем! - фарёд мекарданд одамон.

Музаффар камоне дошт, ки дар он зеҳи маҳкаме кашида шуда буд. Вай камонашро тайёр карда, моҳиро интизор шуда истод. Ногаҳон сари моҳӣ намоён шуд. Музаффар ҳамон лаҳза тир кушода, як чашмашро кӯр кард. Тири дуюми ӯ чашми дигари моҳиро аз кор баровард. Моҳии кӯр ба киштӣ ҳамла кард. Доду нолаи одамон боз ҳам баландтар шуд. Он дам Музаффар пай дар пай тирҳояшро холӣ карда, моҳиро кушт.

Одамони наҷотёфта ашки хурсанҳӣ рехта, Музаффарро оғӯш мекарданд. Вақте ки ба канор баромаданд, ҳама ба якдигар навбат надода, Музаффарро ба меҳмонӣ чег заданд. Музаффар бошад, ҷавоб дод, ки ҳоло фурсати меҳмоншавӣ надорад.

Музаффар ба роҳи худ рафт. Чанд вақт роҳ рафта, охир ба як шаҳри зебо расид. Ин шаҳр Корф ном дошт. Аз канори шаҳр як дарё мегузашт. Музаффар ба лаби ҷӯй рафта, сандукеро дид.

пешина
аз 135
навбатӣ