Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

ҲикояАфсона
Аз аввал хондан

Вай сандуқро ба об тела дода, худаш ба даруни он даромад.

Об сандуқро ба обмӯрии боғи подшоҳ гирифта овард. Сандуқ пеши обро баст.

Боғбон дид, ки об баста шудааст, чӣ гап шуда бошад гуфта баромада сандуқро дид. Вай сандуқро кашида гирифт. Музаффар аз сандуқ берун шуда, бо боғбон вохӯрдӣ кард ва барои ташвиши додагиаш аз ӯ бахшиш пурсид.

Ҷавон ба пирамарди боғбон маъқул шуд. Вай ӯро ба хонааш бурд. Музаффар дар хонаи ӯ бимонд.

Вай ёрдамчии боғбон шуд ва рафта-рафта касби ӯро нағз ёд гирифт.

Подшоҳ се духтар дошт. Духтари хурдӣ Маликадунё, духтари миёна Фотимадунё ва духтари калонӣ Гулсум ном дошт. Ҳамаи онҳо чун моҳи шаби чордах зебо ва чун сарви боғ хушкомат буданд, чашмонашон чун олу, дандонашон чун садаф, зулфони парешонашон чун сунбул, чеҳраи латифашон чун барги садбарги боғ тару тоза ва зебову дилрабо буданд.

Музаффар бо амри устодаш — пирамарди боғбон ҳар рӯз бо ҳафсалаи зиёд барои духтарони подшоҳ аз гулҳои навшукуфта се гулдаста тайёр мекард.

Музаффар либосҳои дарида пӯшида дар сараш шикамбаи гӯсфандро чаппа карда кашида буд. Яке аз гулдастаҳои бо камоли ҳунармандӣ бастаи ӯ ба Маликадунё маъқул шуд.

Чанд рӯз гузашт. Як пагоҳӣ Музаффар дар боғи подшоҳ истода буд. Вай «ҳеҷ кас нест» гуфта, шикамбаро аз сараш гирифт.

Ана ҳамин вақт аз паси дарахтон ӯро Маликадунё дид. Духтар Музаффарро пеш аз ин ҳам бисёр медид, вале вай ҳамеша ба назараш як кали хунук метофт.

Дар дили Малика оташи ишқ фурӯзон шуд. Вай рӯз аз

пешина
аз 135
навбатӣ