Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

Рӯз харобу рангпарида мешуд, вале ба ҳеҷ кас сирри дилашро намекушод.

Рӯзҳо пайдарҳам гузашта мерафтанд. Музаффар аз тахт дил меҳнат мекард, пирамард аз ӯ розӣ буд.

Як вақте се хоҳарон як ҷо нишаста, дар бораи шавҳар сухан ронданд. Хоҳарон гуфтанд, ки падарашон дар бораи ояндаи онҳо парвое надорад ва қарор доданд, ки инро ба ӯ хотиррасон кунанд. Рӯзи дигар ҳар кадомашон ба рӯи лаганд яктогӣ харбуза монда, ба пеши падарашон рафтанд. Гулсум харбузаи пухта гузаштагӣ, Фотимадунё пухтагӣ ва Маликадунё харбузаи нимпухтаро гирифт. Онҳо ба пеши падарашон даромада, таъзим карда, харбузаҳоро ба пешаш гузоштанд.

Подшоҳ аз ҳар кадом харбуза як қаламӣ бурида, хӯрдани шуд, аммо вазири кӯҳансоли доно ӯро нигоҳ дошта гуфт:

  • Эй подшоҳи аъзам, ин харбузаҳоро барои хӯрдан наовардаанд.
  • Набошад барои чӣ? - пурсид подшоҳ.
  • Харбузаи пухта гузаштагӣ, - гуфт вазир, - нишонае аз он аст, ки Гулсум арӯсӣ шудааст. Харбузаи пухтагӣ аломати он аст, ки айёми хуши духтарини Фотимадунё ҳам ба охир расида истодааст. Харбузаи нимхоми Маликадунё овардагӣ нишонае аз он аст, ки вай бо вуҷуди ҳанӯз ҷавон буданаш, ихтиёри шавҳар дорад.

Подшоҳ оҳи сарде кашида гуфт:

  • Илоҷе нест, онҳоро шавҳар додан зарур аст! Вай фармуд, ки халқро ҷамъ кунанд. Духтарон дар рӯи ҳавлии болохонаи қаср истода, ҳар кадомашон себеро дар даст нигоҳ медоштанд.
    Себҳоро ба каси дилхоҳашон додани онҳо лозим буд.

Ҷавонон бо навбат аз бари айвон мегузаштанд. Гулсум писари вазир, Фотима писари қозикалонро интихоб кард.
Маликадунё бошад ба касе себ надод.

пешина
аз 135
навбатӣ