Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

Тоқат накарда аз муаллимаш ҳам напурсиду аз хона тохта баромада, ба ёрии асп шитофт. Омад, ки аспаш бо пойҳои бастагӣ хобидаасту қасоб дар назди вай истода корд тез мекунад.

Қасоб ва шарикони ӯ Музаффарро дида, ба ҳар тараф гурехта рафтанд. Музаффар пурсид, ки ҳозир вай чӣ кор кунад.

  • Аввал пои маро кушо, сонӣ аз ёлам гирифта, ба пеши падарат рав, барои се бор давр зада баромадани гирди шаҳр рухсат гир. Вақте ки иҷозат дод, ба ман зину лаҷом зада, савор шав. Он тарафашро ба худи ман вогузор.

Музаффар пойҳои аспро кушод, аз ёлаш гирифта ба пеши падараш бурда, гуфт:

  • Падар! Иҷозат деҳ, ман бори охир ба аспам савор шуда, гирди шаҳрро давр зада бароям, баъд чӣ кунӣ, кардан гир!

Падараш не гуфта натавонист.

Музаффар аспро тоза шуст, зин зад, савор шуд. Асп бодвор парида рафт. Дере нагузашта онҳо аз назар ғоиб гардиданд.

Аспи вафодор Музаффарро ба як кӯҳи баланд бурда фароварду гуфт:

  • Эй Музаффар, ман дар ин ҷо туро монда меравам, агар ман бо ту бошам маро зуд меёбанд. Як қабза ёли маро канда гир ва ҳар вақт ки ба ту даркор шавам, ё ки ба ту ягон ҳодисаи хатарноке таҳдид кунад, як тори онро дуд андоз, ҳамон замон ҳозир мешавам.

Музаффар танҳо монда пиёда рафтан гирифт. Вай аз кӯҳи баланд гузашта, як рамаи гӯсфандро дид. Ба пеши чӯпонон ки дар назди гулхан нишаста буданд, омада боадаб вохӯрдӣ кард. Чӯпонон ӯро ба сари дастурхонашон таклиф карда пурсиданд, ки вай аз куҷост ва ба куҷо меравад. Музаффар саргузашташро

пешина
аз 135
навбатӣ