Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
АфсонаҲикоя
Аз аввал хонданБаъд худи писари подшоҳ ба боғ омада, ба себ даст дароз кард. Ҳамин вақт танаи он овоз дод:
- Эй роҳгузар, дастатро нигоҳ дор!
Гуфт: - Ман писари подшоҳ...
- Эй бародарони азиз, шоҳзода барои себ омадааст, диҳам ё не?
Сафедорон садо доданд: - Писари подшоҳ чӣ некӣ кардааст, ки ба ӯ себ медиҳӣ? Себи туро касе гирифта метавонад, ки тамоми умри худ ба мардум некӣ карда бошад.
Шоҳзода фикр кард, ки дар умри худ ба касе некӣ накардааст. Ноумед шуда гашта рафт.
Рӯзе гузари як марди солхӯрда ба ин ҷо афтода монд. Мардак дарахти сархамшудаи себро дида, ҳавасаш омада, ба боғ даромаду якто себ канданӣ шуд. Ногаҳон аз танаи себ овоз баромад: - Эй додарон, ин марди мӯйсафед себ гирифтан мехоҳад, диҳам ё не?
- Бидеҳ, - гуфтанд додаронаш, - ин ҳамон шахсест, ки тамоми умри худ, ғайр аз некӣ ба мардум, кори дигар накардааст.
Мардак хурсанд шуда, якто себ гирифта буд, ки якбора танаи дарахти себ кафид, як духтари хушрӯйи нозанин баромад ва танаи ҳафт сафедор ҳам кафиду ҳафт ҷавони хушрӯй берун шуданд. Ҳафт додарон ва як хоҳар ба ҳавлӣ, ба сӯи модарашон давиданд. Модаракашон ҳамаро як-як ба оғӯш кашиду ашки шодӣ аз чашмонаш равон шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё