Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

Рост буд дурӯғ буд, дар як замони қадим як подшоҳ буд. Вай се зан дошт. Чанд бор лолаҳо дар кӯҳсор рӯида рӯи хазонро диданд ва сабзаҳо дар марғзор дамида хушк шудаанд, аммо дар тамоми ин муддат аз ҳеҷ кадом зани ӯ фарзанде нашуд.

Охир дили подшоҳро хори ғами бефарзандӣ рахна намуд, дар сари ӯ хаёлҳои парешони андӯҳовар сайр кардан гирифт. Вай як рӯз баъд аз фикри дурударозе, вазири дасти росташро ба назди худ чег зада гуфт:

  • Дӯсти азиз, ба худи ту маълум аст, ки ман фарзандталаб ҳастам, вале то ҳол аз дидани рӯи мубораки фарзанд дилам хурсандона назадааст. Рав, тамоми оламро тай карда барои барои ман зане пайдо кун, ки вай чашми маро бо дидани чеҳраи ягон писар, ё ақаллан духтаре чор накунад.

Вазир ин гапи подшоҳро шунида, тааҷҷуб карду гуфтанӣ шуд, ки охир аз куҷо ин хел занро пайдо мекунад, вале гапи подшоҳро рад кардан баробари ба худ марг талабидан буд, бинобар ин чизе нагуфта, ноилоҷ ба кофтукови зани дилхоҳи подшоҳ баромада рафт.

Вай ҳанӯз аз мамлакати подшоҳ берун нашуда, аз як деҳа гузашта истода буд, ки сӯҳбати духтарон ба гӯшаш расид. Истода нигоҳ кард, ки дар лаби ҷӯи равон се духтари подачӣ нишастаанд.

  • Агар подшоҳ маро ба занӣ гирад, - мегуфт яке аз духтарон, - як дег ош пухта медиҳам, ки тамоми халқи мамлакаташ хӯрда сер мешаванду боз зиёдатӣ карда мемонад.

  • Агар подшоҳ маро ба занӣ гирад, - мегуфт духтари дуюм, як гилем дӯхта медиҳам, ки паҳн кунанд, рӯи дунёро гирад, ҷамъ кунанд, дар пӯчоқи писта ҷой шавад.

пешина
аз 135
навбатӣ