Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
- Агар подшоҳ маро ба занӣ гирад, - мегуфт духтари сеюм.
- Як писар ва як духтар зоида медиҳам: зарринкокул, холдор, чеҳраи нозанинашон монанди офтоб оламро равшан мекунад.
Вазир ин гапҳоро шунида, хурсанд шуду зуд аз роҳаш баргашта, ба пеши подшоҳ шитофт.
- Эй подшоҳи аъзам, - гуфт вазир ба назди ӯ даромада, - кофта гаштани рӯи ҷаҳон лозим нашуд. Дар мамлакати худатон дар фалон қишлоқе се духтари подачӣ будааст.
Баъд вазир ба подшоҳ гапҳои духтаронро як-як гуфта дод.
Подшоҳи бефарзанд шод шуда, амр кард, ки духтари фарзанд ваъдакардаро гирифта биёранд. Фармони ӯро иҷро карданд. Подшоҳ ҳафт шабу рӯз тӯй дода, духтарро никоҳ карда гирифт.
Рӯзҳо гузашт, ҳафтаҳо гузашт, моҳҳо гузаштанду вақту соати таваллуд кардани зани фарзанд ваъдакардаи подшоҳ наздик шудан гирифт.
Дар ин вақт подшоҳ ба шикор рафта буд. Шавқи шикор ба ӯ ғалаба карда, дар як шикоргоҳи серсайду муддати дароз овора монд.
Дере нагузашта духтари подачӣ як писар ва як духтар таваллуд кард. Дар ҳақиқат мӯйҳои наврӯидаи заррини бачагон чун шӯълаи оташ медурахшиданд, чеҳраи офтобгунашон атрофро равшан мекард, ҳар ду дар байни абрувонашон яктогӣ холи сиёҳмушкин доштанд.
Се зани аввалаи подшоҳ баробари дидани ин хел бачагони ғалатӣ, дар оташи рашку ҳасад сӯхтанду фикр намуданд, ки баъд аз ин подшоҳ ҳар сеи онҳоро «ҳамин қадар сол гузашту шумо ба ман фарзанд таваллуд накардед» гӯён аз дами теғ мегузаронад. Онҳо бо ҳамин фикр, дар қасди нест кардани

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё