Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

Бачагон афтода, дояро харида гирифтанд ва ба ӯ фармуданд, ки писарчаю духтарчаро ба ягон ҷои дурдаст бурда нест кунад.

Баъд занҳо як гурбаю як сагбачаро ёфта, ба ҷои бачагон гузоштанд ва ба подшоҳ хабар фиристоданд, ки зани ваъдагиаш як гурбаю як сагбача таваллуд кард.

Подшоҳ чунин хабари нохушро шунида, бисёр ғамгин шуд ва ба қосидон гуфт, ки дам фурӯ бурда, чизе нагӯянд, ки дар шаъни вай айби калон аст. Баъд подшоҳ ба қасраш гашта омада, фавран амр дод, ки вазири дасти росту зани зоидаашро ба зиндон андозанд.

Доя бошад, бачагонро аз кӯҳҳои баланд ва биёбонҳои беобу беканор гузаронида, ба як ҷои хеле дурдаст гирифта мебурд.
Вай аз як маргзор гузашта истода, бо як подачӣ вохӯрда монд.
Подачӣ дар дасти кампир ду кӯдаки гирёнро дида пурсид:

  • Эй кампир, чаро дар ин ҷойҳои бекасу беодам ду кӯдаки ширмакро кашола карда гаштӣ? Инҳо киҳоянд, ба куҷо бурда истодай?

Кампир аз таёқи подачӣ тарсида, аввал дудила шуда истоду баъд ноилоҷ ҳақиқати воқеаро гуфта дод ва ними тиллои аз занҳои подшоҳ гирифтагиашро ба подачӣ дароз намуда, зорӣ кард, ки ин сирро ба касе нагӯянд.

Подачӣ пинҳон доштани ин сирро ваъда кард гуфт:

  • Бачагонро ба ман деҳ, онҳо фарзандони ман мешаванд.
    Ба занҳои подшоҳ ягон латтаро ба хун тар карда бурда нишон деҳу гӯй, ки гуфтаашонро иҷро карда омадӣ.

Подачӣ ба ӯ як баррачаро кушта дод. Кампир парпечҳои кӯдаконро хунолуд карда, бурда ба занҳои подшоҳ, ҳамчун аломати кушта шудани кӯдакон, нишон дод.

Подачӣ кӯдаконро ба хонааш оварда, бо шири гӯсфандон
парвариш кард. Солҳо мегузашт. Бачагон, ҳар қадар ки

пешина
аз 135
навбатӣ