Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

Фасли баҳор омад, себ ғарки гул шуд, мева карда; тобистон шуд, себҳо пухтанд: суп-сурх, хушрӯю хушбӯй. Як рӯз писари подшоҳ ба шикор баромада, гузараш ба ин тараф афтод. Омада истода буд, ки ба димогаш бӯи хуши себ расид. Аспи худро нигоҳ дошта, ба навкаронаш гуфт:

  • Ин чӣ бӯест, ин қадар форам, зуд рафта фаҳмед, ки аз куҷо меояд!

Ду навкар асп давонда, ба назди боғ омаданду диданд, ки як дарахт ғарқи себ гирдогирдаш ҳафт сафедори баланд рӯидагӣ. Гуфтанд, ки «аз ин себ ду-сето ба шоҳзода барем, хурсанд мешавад». Ба дарахт наздик шуда, даст дароз карданд. Ҳанӯз ягонто себро нагирифта, аз танаи он садо баромад:

  • Эй роҳгузарон, дасти худро нигаҳ доред!

Навкарон ҳайрон шуда, худро ба қафо кашиданд. Яке аз онҳо гуфт:

  • Маро шоҳзода фиристод, мо мехоҳем барои ӯ ду-се дона себ барем.

Дарахт боз садо дод:

  • Эй додарони азиз, одамони шоҳзода барои себ омаданд, диҳам ё не?

Ҳамин вақт аз танаи ҳафт сафедор овозе берун шуд:

  • Шоҳзода чӣ некӣ кардааст, ки ба ӯ себ медиҳӣ?

Навкарон бошитоб асп давонда, ба пеши шоҳзода омаданду гуфтанд:

  • Эй шоҳзодаи олимақом, ин бӯй аз боғе меояд, дар даруни боғ як дарахти себ, гирдогирдаш ҳафт сафедор, дарахтон гап мезананд.

Шоҳзода гуфт:

  • Номаъқул кардед, кадом дарахт гап задааст, ки он дарахтон гап зананд?
пешина
аз 135
навбатӣ