Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

фаромӯш карда, обашро ба болои ҳамон чоҳ рехта монд. Як замоне болои чоҳ шибитзор шуд, чунин шибити хушбӯй, ки ҳеҷ нагуфтанӣ.

Чанд вақти дигар гузашт. Як бегоҳ Гулмоҳ ғамгинона оҳ кашид.

  • Барои чӣ оҳи сард мекашӣ? - пурсиданд бародаронаш ҳайрон шуда.

Гуфт:

  • Ба дидори падару модар, ёрӯ дӯстонамон пазмон шудам.

Бародаронаш гуфтанд:

  • Мо ҳам падару модарамон, ватанамонро ёд кардем. Ин тавр ки бошад, пагоҳ роҳи сафар пеш мегирем.

Рӯзи дигар ҳафтдодарон ба ғундоштани чизу чораяшон машғул шуданд, Гулмоҳ як мастоваи бамазза пухт. Мастова пухт. Гулмоҳ аз ҳамон шибит канда, қайла тайёр карда, кашида ба косаҳо андохт. Бародарон ба сари дастурхон омада як қошуқӣ хӯрда буданд, ки кабӯтар шуданду парида рафтанд. Гулмоҳ дар ҳайрат монд, «оҳ ин шибити дар рӯи чоҳ рӯидагӣ буд, мани нодон фаромӯш карда, ба хӯрок андохтам, додараконам кабӯтар шуданд, акнун чӣ кор мекунам, хайр ман ҳам кабӯтар шавам» гуфту як қошуқ хӯрд ва ин ҳам кабӯтар шуда парвоз карда, ба бародаронаш расида гирифт.

Ҳашт кабӯтар парвозкунон ба ватанашон расида, ба рӯи боғи худашон рафта нишастанд. Ҳафт додарон ҳафт сафедор шуданду Гулмоҳ як дарахти себ.

Як вақте модарашон ба боғ даромада ҳайрон шуд: ҳафт сафедори баланд ва дарахти сершохи себ пайдо шудааст, боғ аз ин дарахтони аҷиб хеле хушнамуду зебо гаштааст. Баъд аз ин модар ҳар рӯз ба ин ҷо баромада, ин дарахтони ғалатиро бо муҳаббат тамошокунон ба онҳо дуру дароз чашм медӯхт.

пешина
аз 135
навбатӣ