Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
- Акнун биё, сарамро бин! - гуфт Кӯрбарзангӣ.
Гулмоҳ сарашро дид.
Ҳамон ҷавҳои чошидагии Гулмоҳ ҳамааш сӯзан шуда, Кӯрбарзангӣ чинда-чинда омада буд. Кӯрбарзангӣ як сӯзанро гирифта, ба сони Гулмоҳ халонд. Сонаш сахт дард кард, Гулмоҳ дандон ба дандон монд.
Гулмоҳ сар медиду Кӯрбарзангӣ хуни ӯро мемакид.
Чанд рӯз ҳамин хел давом кард. Духтараки нозанин зарду хароб гардида, хазон шуд. Як рӯз акаҳояш пурсиданд, ки:
- Ба ту чӣ шуд, гуруснай, ташнай, зик шудай? Чаро рӯз аз рӯз хазон шуда истодай?
Гулмоҳ воқеаро гуфта дод. Рӯзи дигар бародари аз ҳама хурдӣ ба шикор нарафта, дар назди дар ҷоҳе канд, як санги калонеро оварда монду, баъд аз ин дар паси дар пинҳон шуд.
Дере нагузашта Кӯрбарзангӣ ҳам омад. Вай омада истода фарёд мекард:
- Ӯй ноҷинс биё таккаамро гир!
Гулмоҳ тохта рафта, таккаро гирифта, ба сӯи дар рафтан гирифт. Кӯрбарзангӣ аз ақиби ӯ меомад. Кӯрбарзангӣ ба дар наздик шуда буд, ки бача тохта баромад, ӯро ба ҷоҳ тела дод ва чолокона сангро ба болояш партофта, хок кашид.
Бегоҳӣ бародаронаш аз шикор гашта омада пурсиданд:
-
Ҳа, додар, чӣ ҳодиса будааст?
-
Ба хона Кӯрбарзангӣ роҳ ёфтааст, - ҷавоб дод ӯ, - хайрият, ки барвақттар хабардор шудем, набошад хоҳаракамонро кушта мемондааст. Бача бо Кӯрбарзангӣ чӣ хел рафтор карданашро гуфта дод. Баъд акаи калониашон ба духтар гуфт:
-
Мабодо ба болои ҷоҳ об нарез, ки Кӯрбарзангӣ зинда мешавад.
Чанд вақт гузашт. Як рӯз Гулмоҳ дегу табақ шуст ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё