Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

Поида шишт-шишту як вақт хобаш бурда монд. Гулмоҳ оҳиста нигоҳ кард, ки акааш хоб рафтааст, аз сандуқ баромад, боз ҳам хамир кард, нону кулчаҳои хушрӯй пухт, се-чор зувола тушбера пухта монду баъд ба даруни сандуқ даромада руст шуд.

Акааш бедор шуд, ки нону кулчаҳои гарм тайёр, тушбера тайёр. Ҳайрон шуда нигоҳ карда нишаста буд, ки акаҳои дигараш ҳам омада монда, пурсиданд, ки:

  • Кӣ будааст?

  • Хобам бурда мондааст, бедор шудам, ки ҳама чиз тайёр, - гуфт.

Додаронаш ба серхобии ӯ хандиданду хӯрокҳоро хӯрда хоб карданд. Рӯзи дигар додари дигарашон дар хона монд. Инро ҳам хоб бурда, аз корҳои духтар хабардор нашуд. Ҳамин хел шаш додар хоб карда монда, сирри духтарро намефаҳманд.

Рӯзи ҳафтум додари аз ҳама хурдӣ посбонӣ кард. Вақти пешин ӯро ҳам хоб пахш кард. Хеста, кӯрпача андохту ба таги сараш болишт монда, дароз кашид, ки боз зиёдтар хобаш омад. Хоб, ки ба вай ғалаба кардан гирифт, хесту лелачаашро каме бурида, намак пошид. Дигар ҷароҳат сӯхтан гирифту хобаш набурд. Як вақте дид, ки як духтари нозанин аз сандуқ баромад. Хост, ки зуд хеста дастгираш кунад, боз фикр кард, ки «канӣ бинам чӣ кор мекунад».

Духтар орд гирифт, хамир кард, нон пухт, гӯшт гирифт, пиёз реза кард, сабзӣ тоза кард. Шӯрбо пухт, чой ҷӯшонда дам карда, чойникро ба лаби ошдон монда, ба пеши сандуқ рафту даромаданӣ шуд, ки бача тохта хеста, аз пояш маҳкам дошта пурсид:

  • Ту инсӣ, ҷинсӣ, парий, паризодӣ, чӣ касе ҳастӣ, ки хонаи моро манзил кардӣ?

Гулмоҳ гуфт:

пешина
аз 135
навбатӣ