Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
- Модарҷон, ман акаҳоямро кофтани меравам.
Ҳарчанд модараш: - Нарав, онҳоро аз куҷо меёбӣ, аз ту ҳам ҷудо мешавам!
- гуфт, ки Гулмоҳ аз роҳаш нагашт.
Вай аз дашту дарё гузашт, аз кӯҳу саҳро гузашт, бисёр шаҳру қишлокро гузашта, рафтан гирифт. Вақте ки гурусна мемонд, як кулча мехӯрду боз ба роҳаш давом мекард.
Рафта-рафта, фақат якто кулчааш монд. Кулчаро ғелон карда, аз ақибаш равон шуд. Баъди чанд вақт гурусна монд.
Ноилоҷ як лаби кулчаро шикаста хӯрда, боз ғелонд, нашуд.
Кулчаро ба дасташ гирифта, ҳамин қадар гиря кард, ки замин лой шуд. Як пора лойро гирифта, ба ҷои шикастаи кулча молиду ба офтоб монд. Кулча қоқ шуда, Гулмоҳ онро аз нав ғелон карда, аз пасаш рафтан гирифт. Ба як кӯҳ расид, дар он ҷо як ҳавлӣ буд, кулча ба таги дари ҳамон ҳавлӣ расида, афтид.
Гулмоҳ ба ҳавлӣ даромад, дид, ки дар хонаҳо ҳеҷ кас нест, дар деворҳои хона сайди бисёре овехтагӣ: ана оҳую ана гӯсфанди кӯҳию ана кабку ана мурғи ҳилол, хумҳо пури равған, сандуқҳо пури орд, ҳама чиз ҳаст. Вай аз сандуқ орд гирифта хамир кард, нону кулчаҳои нағз тайёр намуд, кабкҳоро бирён карда, як ошаки бомаззаи сергӯшту серравған пухт, ҳамаро тайёр карда монду дар даруни як сандуқ руст шуд.
Дере нагузашта, акаҳояш омаданд. Ба хона даромада, ба таомпазӣ сар карда, диданд, ки оши палаву нону кулчаҳои дӯстрӯяк пухтагию мондагӣ. Ҳайрон шуданд, ки ҳеҷ кас то ҳоло ба ҳавлиашон қадам намонда буд, кӣ омада ин таомҳоро тайёр карда бошад. Баъд «хайр, ҳар кӣ бошад, пагоҳ мефаҳмем» гуфтанду ошу кулчаҳоро базавқ хӯрданд.
Пагоҳ шуд, шаш додар ба шикор рафтанду акаи аз ҳама
калониашон, воқеаро фаҳмиданӣ шуда, дар хона монд. Вай

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё