Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан
  • Дугонаам «ту шудию акаҳоят гум шуда рафтанд» гуфта, таъна зад. Ин гап рост аст ё дурӯғ?

Кампир гуфт, ки:

  • Рав, ба модарат гӯй, ки гандумбирён кунад, бо ҳар чӣ дод, нагир. Гӯй ки бо дасташ диҳад, вақто ки бо дасташ додани шуд, кафашро ба даруни дег пахш куну «додарони ман дар куҷоанд?» гуфта пурс.

Гулмоҳ ба хонаашон омада, ба модараш гуфт:

  • Модарҷон, бисёр гурусна мондам, дилам гандумбирён металабад.

Модараш хесту гандумбирён кард. Гандумбирёнро аз дег бо кафлез гирифта дод, нагирифт. Бо қошук дод, нагирифт. Гуфт:

  • Бо дастат деҳ!

Бо дасташ додани шуд, ки кафашро ба даруни дег пахш карда гуфт:

  • Росташро гӯй, ман ака дорам ё не?

Модараш гуфт:

  • Надорию сар деҳ, ки дастам сӯхт!

Гулмоҳ сар надода, боз пурсид:

  • Ман ака дорам ё не?

Модараш гуфт:

  • Ҳа ака дорӣ, ҳафт ака дорӣ.

Гулмоҳ пурсид, ки:

  • Акаҳои ман дар куҷоанд?

Модараш ҷавоб дод, ки:

  • Намедонам, рӯзи зоида шудани ту ба шикор рафтанд, дигар барнагаштанд, дар ҳасрати дидорашон дилакам хонаи замбӯр шудааст.

  • Гулмоҳ ин гапро шунида хеста хамир кард, даҳ-дувоздаҳ кулча пухту дар як рӯймол баста ба модараш гуфт:

пешина
аз 135
навбатӣ