Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

Як рӯз онҳо ба модарашон гуфтанд:

  • Модарҷон, мо ба шикор меравем, агар ба мо хоҳар шавад, шумо фармоед, ки ба дарвоза чарх, агар боз ҳам писар шавад, камон овезанд.

Дере нагузашта, модарашон духтар зоид. Вай ҷудо хурсанд шуда, ба доя гуфт:

  • Равед, ба дарвоза чарх овезед, писараконам биёянд чӣ қадар хурсанд мешаванд. Кампир як чархро бурда ба дарвоза овехт.

Ҳафтдодарон як душман доштанд, ки вай доимо аз сайди бисёр овардани онҳо рашк мебурд. Вай аз дарвоза чархро гирифта камон овехта монд.

Ҳафтдодарон аз шикор гашта омада диданд, ки ба дарвоза камон овехтагӣ.

  • Ҳаҳ, модари мо боз ҳам писар зоидааст! - гуфтанду ба хона надаромада гашта рафтанд.

Рафта, ба як мамлакати дигар расида, зиндагӣ карда гаштанд.

Хоҳаракашонро Гулмоҳ ном карданд, вай даҳсола шуд, дувоздаҳсола шуд. Як рӯз бо дугонаҳояш бозӣ карда истода, бо духтарчаи ҳамон душмани акаҳояш гапаш гурехта монду духтарак таъна карда гуфт:

  • Ту бепою қадам ҳастӣ, ту шудию акаҳоят гум шуда рафтанд, мо бо ту дигар бозӣ намекунем, ки ту барин беака мешавам.

Гулмоҳ ғамгин гашта, гиря кард. Оби дидааш ҷӯйча шуда, ба ҳавлии як кампир даромад. Кампир қад-қади ҷӯйча баромада дид, ки духтараки ҳамсояаш гиря мекунад, пурсид:

  • Чаро гиря мекунӣ?
    Духтарак ҷавоб дод:
пешина
аз 135
навбатӣ