Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан
  • На инсам, на ҷинсам, на париам, на паризод, одами одӣ ҳастам, хоҳари шумо.
  • Мо ҳафт додарем, хоҳар надорем, - гуфт бача тааҷҷуб карда.

Духтар ҳамаи воқеаро як-як нақл карда, хоҳарашон буданашро маълум кард. Акаву хоҳар ҳамдигарро ба оғӯш кашиданд, бӯса намуданд, ҳолпурсӣ карданд, хурсанду хушбахт гапзанон карда нишастанд. Вақти омадани акаҳояшон шуда буд, ки бача гуфт:

  • Ту руст шав, ман аз акаҳоям шодиёна мегирам.

Духтар пинҳон шуд. Фурсате нагузашта, бародаронаш ҳам омаданд. Бародари аз ҳама калонӣ пурсид, ки:

  • Ҳа, додар, чӣ гап шуд?
  • Ҳеҷ гап не, - гуфт додари хурдӣ, - шинед, таом хӯред, ман гапи ғалатӣ мегӯям.

Бародарон нишаста, ба таомхӯрӣ сар карданд. Бача нон шикасту баъд ба бародаронаш рӯ оварда гуфт:

  • Шодиёна диҳед, ки хоҳарамон омадааст.
  • Мо хоҳар надорем! - гуфтанд шаш додар якбора.

Баъд ин бача бародаронашро аз ҳодиса хабардор карду ба сӯи сандуқ рӯ оварда гуфт:

  • Гулмоҳ, баро акнун, акаҳоямон интизоранд.

Духтар шунида баромад, шаш бародар ба сӯи ӯ давиданд.
Оғӯшу бӯсагирӣ сар шуд, бародарон ба ҳамдигар навбат надода, духтарро ба канор мекашиданд, ҳолпурсӣ мекарданд. Ин бача бошад, як сӯ нишаста, аз хурсадӣ қанотак мезад.

Баъд аз ин Гулмоҳ бо бародаронаш зиндагӣ карда гашт.
Ҳамаашон хурсанд ва хушҳол буданд. Ҳафтдодарон рӯзҳо ба шикор мерафтанд, Гулмоҳ хона меғундошт, мерӯфт, мечинд, мешуст, медӯхт. Рӯзе бародаронаш ба хоҳарамон шарик мешавад гуфта як гурба ёфта омаданд.

пешина
аз 135
навбатӣ