Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

доруи мегуфтагии туро муфт намедиҳад, вай ба ивази он тухми дарахтеро талаб мекунад, ки он тухм дар ихтиёри як деви сесара аст. Меваи он дарахт шифобахш аст ва ба бисёр касалиҳо даво мешавад. Ба манзили дев меравӣ, ба ҳамаи чорвою канизони дев нағзӣ мекунӣ. Баъд илоҷе карда, аз хонаи дев тухми ҳамон дарахтро гирифта мегурезӣ. Дев сур мекунад, мана ин оинаю шонаю қайроқро гир, ҳар бор, ки дев ба ту наздик шуд, яке аз онҳоро ба пуштат парто, садди роҳи дев мешавад. Ана акнун рав, сафарат ба хайр бошад!

Духтар оинаю шонаю қайроқро гирифта, ба кампир бисёрбисёр миннатдорӣ баён карда, баромада меравад.

Чанд шабу рӯз роҳ рафта, ба манзили деви сесара мерасад.
Мебинад, ки дарвозаи қалъаи дев нимвайрону ифлос. Даррав устокорӣ карда, дарвозаро тозаю дуруст мекунад. Баъд онсӯтар меравад, ки дар як тараф як қатор сағҳои калон-калон бастагию дар тарафи дигар як гурӯҳ асп. Дар пеши аспҳо устухон, дар пеши сағҳо беда. Вай устухонҳоро гирифта, ба пеши сағон мепартояду бедаҳоро ба пеши аспҳо. Дарунтар медарояд, ки панҷ-шаш канизак танӯрҳоро тафсонда, барои дев нон пухта истодаанду нонро бо дасти луч ба танӯр мечаспонанд, дастҳояшон сӯхтагӣ.

Духтар ба онҳо салом гуфта, ҳолпурсӣ мекунад ва ба ҳар кадомаш барои нон пухтан яктагӣ остинча дӯхта медиҳад.
Канизакон остинчаро гирифта, хурсанд мешаванд.

  • Эй ҷавони нозанин, ба чӣ мақсад ин ҷо омадӣ? - мепурсад яке аз онҳо.

Духтар мақсадашро гуфта медиҳад.

  • Ин кор бисёр душвор аст, - мегӯяд ҳамон канизак, - дев тухмҳоро дар халтача андохта, дар таги болишташ монда хоб меравад. Гирифтан осон не. Агар гирӣ ҳам, аз дасти вай гурехта, халос шуда наметавонӣ.
пешина
аз 135
навбатӣ