Зеҳн
Хандаҳои шух

Ин китобча маҷмӯаи латифаҳои кӯтоҳу хандовар дар мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла муносибатҳои оилавӣ ва мактабӣ мебошад. Латифаҳо ба хонандагон лаҳзаҳои хушу фароғат мебахшанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 43 саҳифа

Латифа
Аз аввал хондан

ШУМО ҲАМ БА ДАРС НАМЕОЕД

Шогирде ду рӯз ба дарс наомад. Рӯзи сеюм муаллим аз ӯ сабаб пурсид:

  • Парерӯз модарам либосамро шуста буданд, - ҷавоб дод шогирд.

  • Пас, дирӯз барои чӣ наомадӣ?

  • Дидам, ки шумо либосҳоятонро шуста, дар тори ҳавлиатон овезон кардед.

МУАЛЛИМ ҶАВОБИ МАРО НАФАҲМИД

  • Боз баҳои «2» гирифтӣ? Магар саволи муаллимро нафаҳмидӣ? - пурсид падар.

  • Не, муаллим ҷавоби маро нафаҳмид, - ҷавоб дод писар.

ҶАМЪАШ «4» МЕШАВАД

Карим хурсанд назди падараш омаду гуфт:

  • Медонед дада, ман имрӯз баҳои «4» гирифтам.

  • Аз кадом фан, ҷони дада?

  • Аз химия «1», аз физика «1», аз табиатшиносӣ «1», аз таърих ҳам «1», ки ҷамъаш «4» мешавад.

пешина
аз 43
навбатӣ