Зеҳн
Хандаҳои шух

Ин китобча маҷмӯаи латифаҳои кӯтоҳу хандовар дар мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла муносибатҳои оилавӣ ва мактабӣ мебошад. Латифаҳо ба хонандагон лаҳзаҳои хушу фароғат мебахшанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 43 саҳифа

Латифа
Аз аввал хондан

МАН БА МУАЛЛИМҲО ҲАЙРОН

Шогирде ба падараш гуфт:
— Ман ба муаллимҳо ҳайронам.
— Барои чӣ?
— Роҳбари синфамон фақат «Ба гузашта салавот» мегӯяд, вале муаллими таърих «гузаштаро надонӣ, ояндаро намефаҳмӣ...»

КӢ КАРАСИН МЕАНДОЗАД?

Муаллими физика аз боби чароғи барқӣ дарс гуфта, дар поёни он аз шогирдон пурсид:
— Кӣ савол дорад?
Яке аз шогирдон гуфт:
— Ман дарсро фаҳмидам, лекин ҳайронам, ки ба чароғи барқӣ кӣ карасин меандозад?

НА ИНУ НА ОН

— Теша исм аст ё сифат? — пурсид муаллим аз шогирде.
Шогирд:
— На ину на он. Теша — писари амаки Абдулло, ҳамсояи мост.

пешина
аз 43
навбатӣ