Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
«ВАЙ СОЛИ ГУЗАШТА БУД»
Якуми январ шахсе ба ҷӯрааш зани худро нишон дод:
— Бо зани ман шинос шавед.
— Ба хаёлам, дирӯз занатон дигар буд-ку?
— Нодон, вай соли гузашта буд!
«БА МАН ТОБЕЪ НЕСТ»
Ба милисае, ки дар кӯча меистод, гуфтаанд:
— Ҳой амак, ана дар он тарафи кӯча ду безорӣ моҷаро карда истодаанд.
— Ин ба ман дахл надорад.
— Чаро?
— Он тарафи кӯча ба ман тобеъ нест.
«МАН БА ТАРТИБ ҶАВОБГАРАМ»
— Амакӣ, — гуфт шахсе ба милиса, — дар маҳаллаи мо бетартибии калон рӯй дод.
— Бирав, паси кори худ, ман ба тартиб ҷавобгарам, на ба бетартибӣ.
БАС
— Ба фикри шумо овози ин ҳофиз чӣ гуна аст? — пурсид касе дар вақти консерт.
Ҳозирҷавобе гуфт:
— Ба фикри ман: бас!
ДИЛИ ОДАТКАРДА БАЛОИ ҶОН
— Аз барои чӣ занат ба пиёлаҳо ним-ним чой мерезад? — савол дод меҳмон ба мизбон.
— Дили одаткарда балои ҷон гуфтаанд. Худат медонӣ, ки вай дар буфет кор мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё