Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

«БА САРАМ ФУРУ РАФТААСТ»

ЯК инженери бинокор аз хобаш тарсида хест.
— Барои чӣ ин қадар бо доду фарёд бедор шудед? — пурсид занаш.
— Хоб бинам, ки, — гуфт ӯ дар ҷавоб, — аз иморатҳои худам сохтагӣ ба ман хона додаанду бом ба сарам фурӯ рафтааст.

БО ЗАБОНИ ҲОЛ

Директори устохонаи пойафзолдӯзӣ ба ошноаш худро ситоиш кард:
— Ба ман қоил шавед, ки рӯзе дусад килограмм мех ва сад килограмм ширешро сарфа мекунам.
— Рост мегӯед, — гуфт ошноаш туфлии даридаи худро нишон дода, — дар ин хусус туфлии ман бо забони ҳол гувоҳӣ дода истодааст.

«ДУЧОР ШУДАМ»

Талаба аз муаллими чаламуллои худ пурсид:
— Муаллим, «во хӯрдам» нависем дуруст аст ё «вохӯрдам»?
— Беҳтараш, «дучор шудам» навис.

«БА МАН ТӮҲМАТ МЕКУНАД»

Гурге ариза дар даст шитобон мерафт. Хирсе ӯро дар сари роҳ нигоҳ дошт:
— Ҳа, гург-ҷӯра, монда набошед, ба куҷо?
— Барои шикоят ба ноҳия.
— Боз чӣ алам гузашт?
— Корд ба устухон расид! То кай мудири ферма гӯсфандҳоро худаш хӯрда, ба ман тӯҳмат мекунад!

пешина
аз 144
навбатӣ