Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

— Пои аспро наъл мекунам.
— Боз чӣ?
— Сурнай менавозам, харро бозӣ медоронам, нон мепазам, морро фурӯ медиҳам....
— Деҳқонӣ карда метавонӣ?
— Не, ин корро ҳаргиз накардаам, — росташро гуфтааст он одам.
— Пас бирав, туро сардори боғбонҳо таъин кардам, — илтифот намудааст подшоҳ...

Роҳбарони колхози «Гулистон» низ «дар ҳар замон як замон» гӯён дар хоста гирифтани кадрҳо баъзан ҳамин хел замонасозӣ мекунанд. Онҳо, аз афти кор, савлат, карруфар, ришу бурут ва маҳмадоногии баъзеҳоро ба эътибор гирифта, сардории бригадаю звеноҳоро ба онҳо хату мӯҳр карда медиҳанд.

Олим Қобиловро дар колхоз ҳамчун йигити қобили гапдаро таъриф мекунанд, вай ҳар коре кунад, чизе намегӯянд, зеро ӯро ба сардории бригада ба тарзи дар боло зикршуда таъин намудаанд.

Сар то сари пахтазори ин бригадаро тортанаккана печонда гирифтааст. Ниҳолҳо пажмурда ва беҳолу бемадор шуда, ду даст ба сар шафқату тараҳҳум металабанд. Дар болокории ин тортанакҳо шираи растаниро беамон макида, имкон намедиҳанд, ки он андаке қомат рост кунад.

Қобилови бедодгар, ки аз ҳама кор хабар дораду вале ягон корро ба субуташ намемерасонад, усули нави муборизаи зидди канаи тортанакро кашф намудааст. Аз рӯи ин усул, барои он ки тухми тортанак тамоман нест шавад, ниҳоли пахтаро аз бехаш бо доруи сулфати аммоний месӯзонанд ва бо ҳамин бо як тир се-

пешина
аз 144
навбатӣ