Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
барҳам диҳем, яроқпартоии умумӣ ва пурраро ба мадди аввал гузорем; орзӯи деринаи башариятро дар бобати ба таври абадӣ барҳам додани ҷанг ба ҳаёт татбиқ кунем!
— Ҳукумати Советӣ манфиатҳои халқи советӣ ва ҳамаи халқҳои ҷаҳонро ба назар гирифта, бори дигар ба ҳама таклиф мекунад: биёед гуфтугӯ кунем, баҳсу мунозира намоем, биёед масъалаҳои яроқпартоии умумӣ ва пурраро ҳал кунем, биёед мустамликадориро, ки инсоният ба вай лаънат мехонад, барҳам диҳем!
Халқи тоҷик дар ҷавоби ин суханони ҳаққонӣ, ки айни муддао мебошанд, изҳори миннатдорӣ кард.
— Ташаккури самиmӣ ба Никита Сергеевич! — мегӯянд коргарони заводи сементи Душанбе.
— Замони ба рӯи об баромадани орзӯҳои неки халқҳои сулҳдӯсти ҷаҳон расид, — мегӯянд колхозчиёни Ҳисору Вахш.
— Бигзор фарзандонамон хушбахт ва саодатманд бошанд, — мегӯянд модарони серфарзанди Ленинободу Помир.
— Мо нияти неки сулҳҷӯёна дорем. Бинобар он яроқпартоиро талаб мекунем! — изҳори менамоянд коркунони илмии пойтахт.
ЯК рӯзи муқаррарии мо ана ҳамин хел гузашт. Вале мо амин ҳастем, ки ҳамаи рӯзҳои дигари сол низ музаффарият ва саодати тоза ба тоза меоваранд ва ба сафҳаҳои таърих чун рӯзи нек бо хатти заррин навишта мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё