Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

ҲУКМИ ОДИЛОНА

Миралӣ дар колхоз бо танбалӣ ном бароварда буд.

Дар коргурезӣ дар ин гирду атроф касе набуд, ки ақаллан ба буҷулаки пои ӯ баробар шуда тавонад. Вай намехост, ки ҷонашро коҳонад. Аз ҷой ҷунбидан он тараф истод, ҳамёза кашидан ҳам барояш малол буд. Хулласи калом, «деҳ ки хӯрам, зан ки мурам» гӯён мазза карда хоб мерафт.

Миралӣ чандин вақт майна об карда, илоҷи дар оянда бемалол кайфу сафо карданро ҷустуҷӯ намуда, ба колхозчидухтари ҷусту чолоке дом партофт ва ниҳоят ӯро ба занӣ гирифт.

— Ман аз ҳусну ҷамоли ту, дилбари азизам, ҳеҷ гоҳ сер намешавам ва мехоҳам, ки доимо дар паҳлӯят бошам, — гӯён ҳамеша дар саҳро дар сояи дарахте кӯрпача партофта роҳат карда мехобиду каландзании занашро бо завқ тамошо мекард.

пешина
аз 144
навбатӣ