Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

Бо ҷону дил ба ин розӣ шуд ва ҳамон рӯз мурданивор кор кард.

Эшонро чунон бисёри кор фармуд, ки дастонаш обила карданд ва шири аз модар хӯрдааш ба даҳон омад.

Баъд аз се рӯз эшон ба айвони болохона баромада, банохост Ҷамиларо дида монд. Ҷамила бо ангушт ба эшон ишорае кард:

— Ҳушт...

Эшон ба ғазаб омад:

— Ҳа, маккора, эҳтимол ҳезуми кафондаам тамом шуда бошад, ки боз ҷеғ мезанӣ!

Ҷамила хандакунон ба хона даромад. Аз ҳамон рӯз эътиборан лақаби Сайфӣ Махдум «Эшони ҳуштак» шуда, ин дар байни мардум овоза гардид. Кор ба ҷое расид, ки эшони ҳуштак аз қишлоқ гурехта рафт.

пешина
аз 144
навбатӣ