Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
Вақте ки занаш каландро ба замин «ӯҳ» гӯён мезад, Миралӣ низ гӯё азоби ҷисмонӣ кашида бошад, хушомадомезона «ӯҳ» гӯён садо мебаровард ва боз нос мекашиду машғули истироҳат мешуд.
Ба ҳамин тариқ умри Миралӣ дар таки тутӣ бедона гузашт. Сол ба охир расид. Дар колхоз даромади солона тақсим шуда, ба зани ӯ пули калон расид. Хабари маблағи бисёреро шунида, чашми Миралӣ аз косахонааш баромад ва даҳонаш мисли сумалак об кушод.
— Азизам, — гуфт Миралӣ ба занаш бо илтиҷо, — бисёр некуя, фақат нисфи пулро ба ман деҳ.
— Барои чӣ? — бо тааҷҷуб пурсид занаш... — Меҳнатро ман кунаму роҳаташро ту мебинӣ?
— Эҳааа, гапи навку! гуфт Миралӣ овози худро баланд карда. — Аввалаш ҳамин, ки ҳар дуямон як кас буда, аз як гиребон сар мебарорем ва дар як болин сар мемонем, сониян ҳамин ки мо ҳам охир баробари шумо меҳнат кардем...
— Чӣ хел меҳнат? Ақаллан оби шикаматро начунбондӣ ку?
— Ба даҳонат нигоҳ карда гап зан! Оё фаромӯш кардӣ, ҳар гоҳе ки «ӯҳ» гӯён каланд мезадӣ, ман ҳам аз тамоми дилу ҷон «ӯҳ» мегуфтам ва бо ҳамин меҳнати туро сабук мекардам.
— Хобатро ба об бигӯ! — гуфт занак ва ба кораш равон шуд. Миралӣ мисли кана часпида ӯро ба назди раиси колхоз кашола кард.
— Ин чӣ бедодӣ? — гуфт вай бо шӯрапуштӣ. — Дар олам ҳақиқат ҳаст ё не? Ба ҳамаи пул танҳо ин кас соҳиб шуданд ку!
— Ҳақ доранд, — гуфт дар ҷавоб раис, — ҳар кас меҳнат кунад, роҳат мебинад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё