Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

НИМ ИСТАКОН

Соҳибдиле омада, ба фурӯшандаи оби мева муроҷиат кард:
— Ним истакон об диҳед.
— Чаро ним истакон?
— Медонам, ки шумо истаконро ҳеҷ гоҳ пур намекунед.

МОҲИИ ОБӢ

Роҳгузаре аз моҳифурӯш пурсид:
— Барои чӣ моҳиро ношуста мепазед?
Моҳипаз ҷавоб дод:
— Моҳӣ як умр дар даруни об мегардаду боз шӯем?

ТАҚСИМИ ВАЗИФА

Раиси колхоз маҷлисе ороста вазифаҳоро тақсим кардани шуд.
— Киро ба мудирии ферма таъин кунем?
— Маро! — гуфт як йигити шофмӯйлаб.
— Кӣ мудири анбор мешавад?
— Қамина, — гуфт як бӯзбалаи шонапаҳн.
— Кӣ чойхоначӣ шудан мехоҳад?
— Акотон! — гуфт як марди манаҳдарози маҳин-овоз.
— Киҳо ба саҳро баромада кор кардан мехоҳанд?
— Ҳамаи вазнини ба гардани мо, мардҳо будааст-дия? — гуфтанд мардҳо. — Занҳо ҳам кор кунанд-дия!

пешина
аз 144
навбатӣ