Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа
Эзоҳ: Доимо асабатонро ором нигоҳ доред, ҳулбу, буғма ва гурраи гашнизро бо ҳам кӯфта орд ва дам карда, 30 рӯз як маротибагӣ як қошуқча бо оби гарм нӯшед, шифои комил меёбед.
Шифо ба мизоҷи шумо вобаста аст. Агар онро надонед, ба муҳаққиқи ин китоб муроҷиат кунед, оиди ин беморӣ 40 намуди даво аст.
ДАР БАЁНИ БАВОСИР (ГЕМОРОЙ)
Донаест, ки бинобар зиёд будани рутубати бадан дар рагҳои мақъад, аз хуни ғализи савдовӣ пайдо мешавад. Бавосир хунӣ ва бодӣ мешавад. Бавосири бодиро ҷарроҳӣ кардан мумкин нест, зеро ба бемории саратон мубаддал мешавад.
Даво: (парҳез гарави саломатист)
-
Қавоми парпиро ба миқдори донаи гандум, рӯзе ду маротиба истеъмол карда, сонӣ дар пахта тар карда, гармогарм дар мақъад бардорад, иншоаллоҳ шифо меёбед.
-
Ҳар рӯз ду дирҳам (2,5 гр) тухми ҳулбаро дар об ҷӯшонда, он обро бо асал як моҳ бинӯшад, шифо меёбед.
-
Тухми ҳулбаро бо равғани зайтун марҳам карда, аз таг бардорад.
-
Каҷдумро бо сабир (алоэ) марҳам карда, аз таг бардорад.
-
Ҳар ҳафта ду маротиба ба миқдори донаи нахӯд мумиёро бо равғани зарди говӣ бихӯрад, аз бавосири бодӣ наҷот меёбед.
-
Даҳ рӯз, рӯзе як маротиба дар болои хуни гарми хук шинед ва даҳ рӯзи дигар, рӯзе як бор

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё