Зеҳн
Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа

ТибСаломатӣ
Аз аввал хондан

Гӯшти хукро гарм карда, дар мақсад бардоред, шифо меёбед.

  1. Даҳ рӯз, рӯзе се бор қаламфури гарданро орд карда, бо талхаи гов марҳам сохта, ба мақсад бандед, шифо меёбед (мизоҷонро донед, ки ин давоҳо ба мизоҷ вобаста аст).

  2. 5 дона ҳалилои ҳиндиро дар 100 г оби ҷӯш як шаб тар карда, рӯзе як бор 30 мл менӯшад.

  3. Гази кӯҳиро сӯхта дар дудаш медорад ва хокистарро аз таг мебандад.

  4. Қиёми ширинбия ва ё арчаи зардро 3 маротиба мехӯрад ва миқдори нахӯд дохили рӯда мекунад.

ТАБОБАТИ ДОҒИ САФЕД

Давою табобатро бе ташхису маслиҳати мутахассисон иҷро намудан хуб нест, зеро агар рафту навъи бемориро муайян накарда, шахси бемор даво (дору) қабул намояд, метавонад ба ӯ таъсири манфӣ расонад.

Бо мақсади муолиҷаи сафедшавии пӯст пас аз тоза шудани ахлоти мурдори дарунӣ (ба воситаи санои маккӣ) ва таркиби хуни фосидшуда, ки парҳез дар он аҳамияти бузурге дорад, чунин амалро иҷро кард:

  • Панҷ мискол сиёҳдона, панҷ мискол хокистари мӯйи сари мард, се мискол сир
пешина
аз 69
навбатӣ