Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа
ДАР БАЁНИ БЕМОРИИ ДИАБЕТИ ҚАНД (ФАСОДИИ ХУН)
Мавлавӣ мефармояд:
-
Соле камаш се маротиба дар моҳи май-июн бо санои маккӣ ҷилов кунед ва пас аз як ҳафта аз раги қифол хуни нештар гиред, иншоаллоҳ шифои комил меёбед.
-
Як ва ё ду моҳ ба ҷойи нон аз растании кинг истеъмол кунед, (кинг дар кӯҳистони Ромит фаровон аст) шифо меёбед.
-
Гули бед ва қаламфули гарданро чой карда, бардавом ба ҷойи чой нӯшед, шифо меёбед.
-
Решаи каварро орд карда, миқдори як кашидании нос бо як пиёла оби гарм рӯзе се маротиба як моҳ нӯшед, иншоаллоҳ шифо меёбед.
-
Дар моҳи май се маротиба дар ҳар як даҳрӯза аз панҷ узватон аз 10 то 18 замбӯри асал газад, иншоаллоҳ шифои комил меёбед.
-
Донаи шафтолуро хушк карда, маҳин кӯфта, ба миқдори як кашидании нос бо оби гарм 30 рӯз се маротиба хӯред, шифои комил меёбед.
-
Татумро бо лавровий лист, (барги гор) қаламфули гардан ҷӯшонда, рӯзе 3 бор як пиёлай менӯшад.
-
Ҳар рӯз 2 то 4 дона помидорро бе намак хӯред.
-
Чилмагӯштакро майда карда, рӯзе 2-3 бор 30 г мехӯрад. Ин беҳтарин дармон мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё