Зеҳн
Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа

ТибСаломатӣ
Аз аввал хондан

Табобат аз тибби Мавлавӣ:

  1. Маҳлуле аз қаламфури ҳиндӣ, беҳи тиллоӣ, нофоқи чормағз, чойи маҳмил ва шароби ноб тайёр кардаро рӯзе 3 бор як қошуқӣ ғарғара карда нӯшидан лозим. Иншоаллоҳ баъди 30 рӯз шифо меёбед.

  2. Қаламфури ҳиндиро орд карда, 3 гр бо шир мехӯред ва 3 дона доимо макида обашро фурӯ мебаред.

  3. 3 гр ғурраи исфандро кӯфта, орд карда, 21 рӯз бо оби гарм мехӯред.

  4. Рӯзе 2-3 маротиба аз 5 то 10 дона анҷирро дар шири гарм тар карда истеъмол мекунед.

Санои маккиро бо набот орд карда, ҳафтае 2-3 маротиба, саҳар пеш аз хӯрок як қошуқча бо як қошуқ маска ва як пиёла оби ҷӯшомада мехӯред.

  1. 15 дона ҳалилои ҳиндиро шикаста, дар 200 мл оби ҷӯш як шаб тар карда, рӯзе 3 бор як қошуқӣ ғарғара карда мехӯрад.

  2. Як қошуқча малҳами "Шаҳди шифо" ё асали "7 гиёҳ"-ро се бор мехӯрад.

Ба диққати беморон мерасонам, ки пеш аз табобат миҷози худро донед.

  1. Нони ҷавро бештар истифода баред, аз ҳамаи ғадуду варамҳои узвҳои бадан наҷот меёбед.
пешина
аз 69
навбатӣ