Зеҳн
Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа

ТибСаломатӣ
Аз аввал хондан

13). Тухми бодирингро кӯфта ба шаро бандед.

14). Чилмангуштакро кӯфта, бо орди ҷав хамир карда бандед, ё кӯфта танҳо хӯред, шифо меёбанд.

15). 15 дона ҳалилои ҳиндӣ ё 10 дона ҳалилои кобулиро шикаста, дар 200 мл оби ҷӯшомада як шаб тар карда, рӯзе 3 бор як қошуқӣ гаргара карда хӯред, иншоаллоҳ ба сад дарди шумо даво мебошад.

16). Барои давои хориши гулӯ, сулфа ва балғам қиёми арчаи зардро 2 бор молида мехӯранд, нафъ мебахшад.

17). Чилмангуштакро хоида бихӯранд хориши гулӯро ба куллӣ нест мекунад.

ТАРЗ ВА УСУЛИ ТАБОБАТИ ҶОҒАР (ЗОБ)

Дар натиҷаи нарасидани маводи зарурӣ, хусусан йод дар таркиби ғизо ва ҷисми инсон ҷоғар пайдо мешавад.

Ҷоғари дараҷаи якум ва дуюм дохилӣ ва берунӣ мешаванд. Ҷоғар одамро асабӣ карда, таъсир ба қалб, хозимаю нафаскашӣ мерасонад. То ҳатто инсонро лоғар карда, аз тангнафасӣ ва номунтазам задани дил ба ҳалокат мерасонад.

пешина
аз 69
навбатӣ