Зеҳн
Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа

ТибСаломатӣ
Аз аввал хондан
  1. Равғани зағирро аз рӯ ба сари меъда ва бар дил доимо бимоланд, ваҷаъулфувадро шифо бахшад.

  2. Решаи офтобпарасти тару тозаро кӯфта, обашро гирифта, ду мискол то ба 10 рӯз бинӯшед, нофеъ аст.

  3. Ҳар рӯз панҷ мискол райҳони хушкро дар об ҷӯш дода, он обро биёшоманд, нофеъ аст.

  4. Мавизи сиёҳро рӯзе чор мискол (20 гр) бардавом истеъмол намоед, иншоаллоҳ Худованд бар дилатон қувва ато мекунад (Анҷири тару тоза низ ҳамин хосиятро дорад).

  5. 15 дона ҳалилои ҳиндиро бо як қошуқча қаламфули ҳиндӣ дар 200 мл оби ҷӯшомада як шаб тар карда, 2 бор 30 мл мехӯрад. Асаб ва тапиши дилро нек мекунад.

  6. Давои хубтарин: - боду ҳавои тоза, хотири ҷамъ, вақти хуш, бӯйи гуворо, рӯйи зебо, ибодати бардавоми Худои таъоло, шунидани оятҳои раҳмонӣ...

ТАРЗИ ТАБОБАТИ ДАРДИ БУҒУМҲО (ПАЙВАНДҲО)

Аломати ин беморӣ дар дард кардани пайванди сурин (қӯймуч), буҷулаки пой, ангуштони пой, буғумҳои нохунгушти пой, дар пайвандҳои даст ва дигар буғумҳо пайдо мешавад.

пешина
аз 69
навбатӣ