Зеҳн
Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа

СаломатӣТиб
Аз аввал хондан

Аломату сабаби ин беморӣ аз гармӣ ё аз сардӣ ва ё аз хунукӣ бошад, аломаташ он аст, ки дард ба тадриҷ пайдо мешавад, вале гаронӣ ва варам ҳеҷ муштарак намегардад.

Даво:

  1. Рӯзе ба миқдори донаи биринҷ афюнро истеъмол намоянд, дарди аз сардӣ пайдо шударо дафъ мекунад.

  2. Барги думговро (маргимоҳӣ) кӯфта, бо ҳамвазни он асал даромехта, ҳар рӯз як миқсол аз он дар оби ҷӯшомада андохта, биёшоманд, иншоаллоҳ аз дарди буғумҳо наҷот меёбанд.

  3. Муҳалласи хушкро кӯфта, як моҳ чой карда бинӯшанд, дарди буғумҳоро шифо мебахшад.

  4. Сурбро бо равғани гули сурх, оби барги зуф ва оби гашниз соида, он маҳлули ҳосилшударо ба буғумҳои дардманд банданд, дарди онҳоро таскин медиҳад.

  5. Равғани хирс ва равғани суғурро ба буғумҳои дардманд мунтазам бимоланд, дарди онҳоро шифо мебахшад.

  6. Сиёҳдонаро кӯфта, бо сирко даромехта, ба буғумҳои дардманд бибанданд ва биёшоманд, шифо меёбанд.

  7. Тухми турбро кӯфта, бо асал сиришта, ба пайвандҳои дардманд гузошта банданд, шифо меёбанд.

  8. Даруни турби калонро чун коса кофта, онро аз асали тоза пур кунанд ва як шабонарӯз нигоҳ дошта, онро даҳ рӯз дар дили наҳор биёшоманд, иншоаллоҳ шифо меёбанд.

  9. Ба миқдори донаи нахӯд, мумиёро соати 12 шаб бо як пиёла оби бо асал ҷӯшонида шуда ва ё мо-ул-асал биёшоманд, иншоаллоҳ баъди рӯз шифои комил меёбанд.

пешина
аз 69
навбатӣ