Зеҳн
Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа

ТибСаломатӣ
Аз аввал хондан
  1. 25 гр. донаи кадуро 40 рӯз истеъмол кунад аз пажмурдашавии гурда наҷот меёбад.

Эзоҳ: Гурдаи фаромада ва пучшуда низ даво дорад.

ТАРЗИ ТАБОБАТИ ДАРДИ ДИЛ

Ин дард, дарди дил нест, балки дарди сари меъда аст. Аз сабабе ки ин ҷойи меъда ба дил наздик аст, бемор гумон мебарад, ки дилаш дард мекунад.

Агар ин дард сахт шиддат кунад, бемор беҳуш мешавад. Сабаби ин дард: - пайдоиши ҳарорат дар даҳони болои меъда ё рехта шудани ҳилти сафрови (зардоб) бо он мавзеъ. Аломати ғалабаи ҳарорат: - ташнагӣ, хушкии даҳон ва оруғи бӯйнок аст. Аломати дигар: - зард гаштани забон ва талхии даҳон.

Даво:

  1. Ду дирам тухми исфаноҳро кӯфта бихӯранд.

  2. Як каф барги соидаи наъноро (пӯдинаи боғӣ) бо як пиёла об ду соат пеш аз наҳор то 12 рӯз биёшоманд, иншоаллоҳ шифо ёбанд.

  3. Ҳар субҳ ду соат пеш аз наҳор то ба 12 рӯз ва зиёда як дирам санои маккиро бо обе, ки дар он кокутӣ ҷӯшонда шуда бошад, бихӯранд, иншоаллоҳ дарди дилро шифо диҳад.

пешина
аз 69
навбатӣ