Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа
Дар камар ва аз як ҷой ба ҷойи дигар гузаштани дард. Дар вақти гуруснагӣ дард суст мегардад, бидуни вуҷуди аломатҳои санг дар гурда. Гоҳе ҳангоми ҳуруҷи дарди гурда пои муқобили гурдаи дардманд карахт мешавад.
Даво:
-
Сиёҳдонаро кӯфта, бо асал ва равғани гов сиришта, аз рӯ ба гурда гузошта банданд, дарди онро ислоҳ мекунад.
-
Ҳар рӯз то ба 12 рӯз се дона бодоми талҳро шикаста мағзашро бо наъно (пӯдинаи боғӣ) бихӯранд, дарди гурдаро иншоаллоҳ дафъ мекунад.
-
Гӯшти хорпуштро моҳирона пухта, бо мағзи бодоми талх бихӯранд, шифо хоҳанд ёфт.
-
Барги лаблабуро бардавом бо сирко пухта ва бо ҳардал (горчица) бихӯранд, шифо ёбанд.
-
Даҳ рӯз пайваста ду мискол (10 гр) равғани бодоми талҳро бо наъно (пӯдинаи боғӣ) биёшоманд, дарди гурдаро дафъ мекунад.
-
Барг ва тухми тоза ва ё хушки шибитро 12 рӯз пайваста, дар об ҷӯшонда бинӯшанд, иншоаллоҳ шифо ёбанд.
-
Даҳ мискол бунафшаро дар об ҷӯшонда, онро бо оби ҷав ва олу бинӯшанд, шифо ёбанд.
-
Баргу поя ва гулу навдаи косниро ҷӯшонда, 60 г бо як қошуқча шакар 12 рӯз мехӯрад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё