Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа
ТАРЗИ ТАБОБАТИ БЕМОРИҲОИ ҶИГАР
- Парҳез аз тезӣ, шӯрӣ, равғанӣ, бирёнӣ.
а) Рӯзе 2 маротиба як қошуқча хокаи алпабодиёнро бо оби анор мехӯрад.
б) Баргу поя ва гулу навдаи гази калони кӯҳиро ҷӯшонда, рӯзе 3 бор 50 мл менӯшад ё кӯфта дар варами ҷигар аз рӯ мебандад.
в) Шаб пеш аз хоб миқдори нахӯд мумиёро бо шир мехӯрад.
г) Як қошук донаи зағирро кӯфта, бо асал омехта карда, лесида мехӯрад.
д) Рӯзе ним пиёла қорти сиёҳро мехӯрад.
е) 3-4 дона магзи бодоми талхро орд карда, 3 бор бо як қошуқча асал мехӯрад.
ё) 50 мл шири одами солим ва ё 200 гр шири шутур ё аспро дар шиками холӣ менӯшад.
ж) 50 мл шарбати банду барги турбро бо 1 қошуқча асал мехӯрад. Иншоаллоҳ шифо меёбед.
ТАРЗИ ТАБОБАТИ ГУРДА
Сабаби ин беморӣ, агар ҷамъ шудани бод дар гурда бошад, ки аз хилтҳои ғализ пайдо шавад, инро реҳ-ул-куля меноманд.
Аломаташ: тарангӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё