Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа
ДАР БАЁНИ МОЛИХУЛИЁ (АСАБӢ, ДЕВОНАГӢ)
Аломати беморӣ: - бисёр хавф мебарад ва метарсад, фаромӯшхотир мегардад, сабабаш хилти савдо, рутубат бар ҷисми бемор ғалаба кардааст.
Даво: 1. Санои мақкиро бо ҳар роҳе, ки истифода кунад, Иншоаллоҳ шифо меёбад.
-
Ҳар рӯз ду дирам ҳалилаи кобулиро куфта, бо се чандони он асал сиришта бихӯрад, молихулиёро нест мекунад.
-
Ҳар рӯз як миққол каланфури гарданакро куфта, бихӯрад, иншоаллоҳ шифо ёбад.
-
Гӯшти сагбачаро пухта бихӯрад, молихулиёро дафъ кунад. (ҳаром аст) дар зарурат.
-
Ҳар рӯз ду дирам реша ва барги хушки чокуларо куфта, бихӯрад, иншоаллоҳ шифо ёбад.
-
Пиёзи ансулро дар ташвия пухта, бо шаш миқдори он намак даромехта, каме равған илова карда, аз ин маҳсул ба дили наҳор якуним миққол бихӯрад, шифо ёбад.
-
Ҳашт дирам зарпечакро бо шири тозадӯшида ва шакар бихӯрад, давои хубест.
-
Даҳ дирам зарпечакро дар ним ратл шири навдӯшида як рӯз тар карда, бо понздаҳ миққол сиканҷабин бихӯрад ва то як ҳафта бо ин мудовамот намояд, иншоаллоҳ шифо меёбад.
-
Ҳар рӯз ҳафт миққол садарайҳон (райҳон)-ро дар об ҷӯш дода, баъд бинӯшанд, иншоаллоҳ шифо ёбанд.
-
Давои асосӣ: ихлос ба ояти Худованд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё