Зеҳн
Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа

ТибСаломатӣ
Аз аввал хондан
  1. Рӯзе як адад ҳалилайи кобулиро бихояд ва оби онро фурӯ барад, то ҳалила дар даҳон тамом шавад, Иншоаллоҳ рӯйи қаҷшуда ислоҳ мешавад.

  2. Ҳар рӯз ду дирам ҳалилайи кобулиро куфта, бо се чандони он асал саришта, бихӯранд, лақваро ислоҳ мекунад.

  3. Гӯшти заргӯшро бо ташвия пухта, бо обкома бихӯранд, иншоаллоҳ шифо ёбанд.

  4. Гӯшти заргӯшро бо ташвия ё кабоб карда, бо дарчин, мурч, хардаЛ (горчица) ва тухми шибит, ки турш карда бошад, бихӯранд, рӯйи қаҷ рост шавад.

  5. Ҳар рӯз ду дона кучаларо бо қоидааш истеъмол намояд, иншоаллоҳ шифо меёбад (тарзи истеъмоли кулачаро дар аввал баён кардем).

  6. Сиёҳдонаро як шаб дар сирко тар карда, субҳ гирифта, кӯфта дар бинӣ бирезанд, шифо ёбанд.

  7. Давои таҷрибашуда: сабир (алоэ), сиёҳдона, танакори арманӣ, ҳамаро баробар гирифта, куфта, бехта бо оби лаблабу даромехта, баъд аз чор рӯз дар бинӣ чаконанд, Иншоаллоҳ шифо меёбанд.

Доири ин беморӣ 44 намуди табобат оварда шудааст, ки яке аз он шоҳтабобатҳо ояте аз Қуръони Маҷид аст...

пешина
аз 69
навбатӣ