Сад дармони дардҳои шумо

Китоб оид ба роҳҳои табобат ва дармон бахшидан ба бемориҳои гуногун маълумот медиҳад. Дар он тавсияҳои муфид барои саломатӣ ва табобати мардумӣ пешниҳод шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 69 саҳифа
ДАР БАЁНИ ФАРОМӮШХОТИРИ (НИСЁН)
Ин беморӣ аз сабаби фосид шудани қувваи зикр ё фикр ва ё тахайюл аст, ки аз ғалабаи ҳилти балғам ва савдо дар мағзи сар ҳодис мешавад.
Даво:
-
Ҳар гоҳ ду дирам юнучқаи зардакро кӯфта, бо панҷ дирам асали мусаффо бихӯранд, Иншоаллоҳ шифо ёбанд.
-
Ҳар рӯз ду дирам ҳалилаи кобулиро аз бозор харида, кӯфта, бо ду дирам шакар бихӯранд, иллати фаромӯшхотирӣ дафъ мешавад.
-
Пӯсти решаи чормағзро чой карда, кам-кам бинӯшанд, шифо ёбанд.
-
Ҳар рӯз як мискол испандро кӯфта бо оби ҷӯшомада биёшоманд, иншоаллоҳ шифо меёбанд.
-
Ҳар рӯз як ратл шири навдӯшидаро гармогарм нӯшанд, шифо ёбанд.
-
Сано доруест бе ҳамто.
-
Анҷири хушкро дар шири гарм як шаб тар карда, рӯзе 3 бор 4-5 донагӣ истеъмол намояд.
-
2 ё 3 дона ҳалилаи ҳиндиро кӯфта, орд карда, рӯзе 2 бор бо як қошуқча асал ва бо оби гарм истеъмол намудан басе манфиатовар аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё