Зеҳн
Кӯзаи равған

Китоб аз латифаву ҳикоятҳои ҳаҷвии халқӣ иборат аст, ки бобҳо ва мазмуни хандовар доранд. Дар онҳо зиракӣ ва ҳозирҷавобии қаҳрамонон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 23 саҳифа

ЛатифаАдабиёт
Аз аввал хондан

Қозӣ дар ҳайрат монда гуфт:

– Ҳамсояатон ҷав даъво мекунад, аммо шумо чаро ба гандум гувоҳӣ медиҳед?

– Ба шумо маълум аст, ки – гуфт Афандӣ, – даъвои ҳамсояи ман ҳам дурӯғ аст, гувоҳии ман ҳам. Вақте ки даъво ва гувоҳӣ дурӯғ бошанд, гандум аз ҷав беҳтар аст ва мӯҳронаи шумо ҳам зиёдтар мешавад.

ХУДО ҲАМФИКРИ ПОДШОҲ

Афандӣ рӯзе дар пеши подшоҳ коре кард, ки ба ӯ хуш омад ва подшоҳ ба Афандӣ гуфт:

– Аз ман ҳар чӣ хоҳӣ, талаб кун!

Афандӣ баъд аз фикри бисёре гуфт:

– Акнун ки ба ман инъом додан мехоҳед, як халта тило инъом кунед, бошад ки то охири умрам бо зану бачагонам осуда зиндагӣ барам.

Подшоҳ талаби Афандиро қабул карда, ба хазиначӣ фармон дод, ки аз хазина як халта тило оварда ба Афандӣ диҳад ва дар охири сухани худ ба хазинабон бо як гӯшаи чашм ишораи асроромезе карда илова кард:

– Вазнаш бояд баробари ним сер санг бошад.

Хазинабон: «хӯш, тақсир» гӯён аз пеши подшоҳ баромада рафту баъд аз фурсате як халтаи пури сарбамӯҳрро оварда ба Афандӣ дод.

Афандӣ шодону шукуфон халтаро бардошта тозон-тозон ба хонаи худ рафт ва ба занаш гуфт:

– Акнун дег ҳам равғанӣ шуд, ҷумча ҳам, баъд аз ин агар мехоҳӣ, ҳар рӯз даҳ ранг либос пӯш, даҳ хел ӯсмаву сурма, сафедиву сурхӣ мол, ҳар рӯз даҳ бор ҳаммом рав, ман ба ту пул медиҳам. Ҳозир ин ҷо биё, ки ин тилоҳоро бо ҳам шумурем, ман ба танҳоӣ аз ӯҳдаи ҳисоби ин намебароям.

Занаш тааҷҷубкунон ба пеши Афандӣ омад ва Афандӣ даҳони халтаро кушода дид, ки сангреза аст. Вай бо дидани ин ҳол аз занаш ҳам зиёдтар дар тааҷҷуб афтод, як ба осмон нигоҳ кард, як ба замин, баъд аз он сарашро ба сари синааш хам карда, дар андеша фурӯ рафт ва чизе нагуфт:

Оқибат занаш дилтанг шуда пурсид:

– Ин чӣ ҳол аст, ин сангрезаҳоро ба шумо кӣ дод ва шумо чаро бардошта омадед?

пешина
аз 23
навбатӣ