Кӯзаи равған

Китоб аз латифаву ҳикоятҳои ҳаҷвии халқӣ иборат аст, ки бобҳо ва мазмуни хандовар доранд. Дар онҳо зиракӣ ва ҳозирҷавобии қаҳрамонон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 23 саҳифа
Афандӣ ноилоҷ қабул кард. Ҳама якбора ба саз даромаданд. Он
чил кас ҳар яке як донагӣ тухми мурғ гирифта баромаданд. Аммо
Афандӣ тағи ҳавзро бисёр кофта, чизе наёфт. Ноилоҷ аз саз баромада,
дастонашро монандӣ боли мурғон кушода ба паҳнуш зада-зада «куқуқи-қуу...» гуфт.
Ҳама ҳайрон шуданд. Подшоҳ пурсид:
– Эй Афандӣ, ин чӣ кор аст?
Афандӣ гуфт:
– Охир, ба ҳамин қадар мокиён як хурӯс ҳам лозим аст.
КӮР ВА БИНО
Нобиное дар шаби торик бо фонус аз кӯчаи пурлой мегузашт.
Аз рӯ ба рӯи ӯ касе омад. Вақте ки ба паҳлуи нобино расид, пояш
лағжида афтид, ба фонуси нобино бархӯрду он аз дасти нобино парида
рафт ва ба девор расида шикаст, шамъаш ҳам мурд.
Нобино фарёд баровард, ки акнун ман бе фонус ба хонаи худ чӣ
гуна меравам?
Каси афтида пурсид:
– Ту ки нобиной, барои ту фонус чӣ лозим?
– Ман фонусро на аз барои худ, балки аз барои ту барин биноҳои
кӯр мебардорам, то ки ба ман бархӯрда, ба лой нағалтед, - ҷавоб дод
нобино.
ГУВОҲИИ АФАНДӢ
Рӯзе ҳамсояи Афандӣ омада ба вай гуфт:
– Ман ба касе як ман ҷав дода будам, имрӯз талабшам, ӯ мункир
шуд, ба қозихона кашола кардам. Гулӯи қозиро раҳзан кардам (киноя аз
пора додан аст), қози розӣ шуд, ки ба фоидаи ман ҳукм кунад. Лекин ӯ
гуфт, ки: «дурӯғ ҳам бошад, ягон шоҳид ёфта биёр, то ки сурати шаръаш
дуруст шавад.»
Аз шумо хоҳишмандам, ки як сари қалам ба пеши қози рафта гӯед,
«ман хабар дорам, ки ҳамсояам ба ин кас як ман ҷав дода буд».
Афандӣ: «бисёр хуб» гӯён ҳамроҳи ҳамсояам ба пеши қози рафт.
Вақте ки қози аз Афандӣ гувоҳӣ пурсид, Афандӣ ҷавоб дод:
– Ман хабар дорам, ки ҳамсояам ба ин кас як ман гандум дода буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё