Кӯзаи равған

Китоб аз латифаву ҳикоятҳои ҳаҷвии халқӣ иборат аст, ки бобҳо ва мазмуни хандовар доранд. Дар онҳо зиракӣ ва ҳозирҷавобии қаҳрамонон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 23 саҳифа
Сокӣ гуфт:
– Ин чизҳо бахти ҳардуямон буданд, ту ҳам гирифтӣ, ман ҳам гирифтам. Аммо он ду танга ба ин чизҳо дахл надорад, зуд бош, ёфта деҳ.
Дар ҳамин вақт Боқимумсик оҳиста ба ақибаш нигоҳ карда бо гӯшаи чашм дид, ки сардори дуздон каллапӯши наверо дар як шохи сараш монда нишастааст:
– Ма, ба ҷои ду тангаат! – гуфта каллапӯши сардори дуздонро ҷанг зада гирифта ба Соқимумсик дод.
МАЛАХАК
Зани як одами фақир ба ҳаммом рафт. Ҳаммомчизан ӯро ба ҳаммом роҳ надода гуфт:
– Имрӯз зани сарраммоли подшоҳ ба ҳаммом даромадааст ва амр додааст, ки касеро ба ҳаммом роҳ نдиҳам.
Фақирзан аз ин ҳаракати ҳаммомчизан маъюс шуда, ба хонааш баргашт ва дар хона бо шавҳараш низоъ сар карда гуфт:
– Ё бояд раммолӣ карда сарраммоли подшоҳ шавӣ, ё маро талоқ диҳӣ, ба ғайр аз ин роҳи сеюме нест.
Фақирмард дар ҳолати душвор монда буд, ӯ фикр мекард: «Агар ин зан аз дастам баромада равад, мумкин нест, ки ман зани дигаре гирифта тавонам, агар «раммолӣ мекунам» гӯям, аз ин кор хабаре надорам, пас чӣ бояд кунам?..»
Фақирмард бо ҳамин мулоҳизаҳо ба зани худ гуфт:
– Чорае ғайр аз ин нест, ки ман бояд ба хотири ту раммолӣ кунам, аммо ин корро ҳеҷ намедонам. Акнун худат роҳ нишон деҳ! Ман ба раммол шудан тайёрам.
Занак дар ҷавоби шавҳараш гуфт:
– Ҳозир бархезу ба дарбори подшоҳ рав ва арз кун, ки ман раммол мебошам. Ҳар чизе ки подшоҳ аз ту пурсад, мӯҳлат гир. Ба хона биё ва ман ҷавобашро мегӯям, ту рафта ба подшоҳ ҷавоб медиҳӣ!
Фақирмард тарсону ларзон ва паси сар хорон-хорон ба дарбори подшоҳ рафта арз кард, ки: «ман раммол мебошам ва ба хизмат тайёрам».
Иттифоқо ҳамон рӯз як дона алмоси подшоҳ гум шуда буд ва раммолҳои дигар, ҳатто сарраммол ҳам дуздро наёфта буд ва подшоҳ ба як раммоли нав мӯҳтоҷ буд. Бинобар ин аризаи фақирмард даррав қабул шуда ӯро подшоҳ ба ҳузураш дароварда ёфта додани алмоси худро ба ӯ фармуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё