Кӯзаи равған

Китоб аз латифаву ҳикоятҳои ҳаҷвии халқӣ иборат аст, ки бобҳо ва мазмуни хандовар доранд. Дар онҳо зиракӣ ва ҳозирҷавобии қаҳрамонон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 23 саҳифа
– «Алмос?... Ин чӣ бошад?...» – фикр кард фақирмард.
Подшоҳ аз андешаманд шуда истодани раммол пай бурд, ки ӯ чӣ будани алмосро худ намедонад, бинобар ин эзоҳ дод.
– Алмос, як чизи қиматбаҳост, ки барои зинат ба кор меравад. Хусусан алмоси ман аз ҷинси бисёр аъло буд. Агар вайро ёфта диҳӣ, ҳаққи хизматат хароҷоти яксолаатро мебардорад.
Фақирмард аз чизҳои зинатӣ танҳо «марҷон»-ро шунида буд, зеро зани ӯ ҳамеша «дигар занон марҷон доранду ман надорам, ба ман ҳам марҷон ёфта деҳ!» – гуфта ӯро танг мекард.
Ба ҳамин мулоҳиза ба подшоҳ гуфт:
– Медонам, медонам, марҷон аст. То фардо ёфта медиҳам.
Подшоҳ гуфт:
– Алмос аз марҷон басе қиматтар аст.
– Медонам, медонам марҷон аст, марҷон хуб аст! – гӯён раммол сухани подшоҳро бурид.
Подшоҳ ба ин «нодон» дуру дароз гуфтугузор карда истоданро лозим надониста гуфт:
– Хуб, чизе ки бошад, вайро ёфта медиҳӣ ё не?
– Марҷон аст, то фардо мӯҳлат диҳед, ёфта медиҳам!
Подшоҳ бе он ки ба ёфт шудани алмосаш бовар дошта бошад раммолро рухсат дод.
Раммол ба хонааш омада, воқеаро ба занаш ҳикоя кард. Зану шӯй дар бораи фардо ба подшоҳ чӣ ҷавоб додан дар маслаҳат буданд, ки дарвоза так-так шуд. Раммол дарро кушод. Як зани ҷавони соҳибҷамол, ки сару рӯяш бо зинатҳои шоҳона оро дода шуда буд, ба хона даромад ва раммолро ба гӯшае бурда ба вай гуфт:
– Ман ба шумо сад тилои сурх медиҳам, ки фардо сирри маро дар пеши подшоҳ фош накунед. Лекин барои дурӯғ набаровардани сухани имрӯзаи шумо ман алмосро ба мурғи марҷон мехӯронам. Шумо фардо ба подшоҳ гӯед, ки «алмосро мурғи марҷон хӯрдааст, подшоҳ мурғро мекушояд ва алмос аз даруни мурғ мебарояд, шумо аз подшоҳ ҳам ҳаққи хизмати дурусте меситонед.
Раммол бе он ки ҳақиқати ҳолро донад, сад тилои нақдро аз дасти занак гирифта, таклифи ӯро қабул кард, аз хурсандӣ ҳам буд, ки ғайри чашмдошт раҳёфта додани чизи гумшудаи подшоҳ ёфт шуд.
Воқеа ин тавр буд: алмоси подшоҳро занаки соҳибҷамол, ки канизаки подшоҳ буд, «Марҷон» ном дошт, дуздида буд.
Вақте ки байни подшоҳ ва раммол сухан дар бораи алмос мерафт, ӯ аз пушти дар гӯш медод. Қатимака «марҷон»-ро аз назари раммол

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё