Зеҳн
Кӯзаи равған

Китоб аз латифаву ҳикоятҳои ҳаҷвии халқӣ иборат аст, ки бобҳо ва мазмуни хандовар доранд. Дар онҳо зиракӣ ва ҳозирҷавобии қаҳрамонон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 23 саҳифа

АдабиётЛатифа
Аз аввал хондан

мурам, худат ба қабр мемонӣ! – гӯён «мурда»-ро бардошта ба қабр гузошт ва боз такрор кард:

– Боқибой, беҳуда ба ҷонат ҷабр накун, хоҳир ҳам бошад, бо додани ду тангаам розӣ шав, вагарна дари қабрро маҳкам мекунам, баъд ба ростӣ мемурӣ!!!

Боқӣ боз ҳам ҳаракат намекард. Соқӣ дари қабрро маҳкам кард. Одамон Қуръон хонда аз сари қабр рафтанд. Лекин Соқӣ ба мурдаи ҳақиқӣ будани Боқӣ ҳоло ҳам бовар намекард. Бинобар ин дар дилаш «албатта мебарояд, дошта мегирам...» гуфта дар паҳлӯи гӯри ӯ ба аз гӯри кӯҳна даромада поида хоб кард.

Вақт аз нисфи шаб гузашт, аммо ҳанӯз Боқӣ ва Соқӣ дар гӯр хоб буданд. Дар ҳамин вақт панҷ-шаш нафар дузд омада, дар наздикии гӯри онон нишастанд ва чизҳои дуздидаашонро тақсим карданд. Танҳо як шамшер дар мобайн монд, ки ҳар яке аз дуздон «ман мегирам!» гӯён дар болои он ҷанҷол бардошт. Дар охир яке аз онҳо гуфт:

– Аз ин гӯрҳои нав якашро кушода мурдаашро мебарорему дар мобайн монда, бо шамшер як-як зада мебинем. Ҳар кас ки бо як задан мурдаро аз миёнаш ду бӯлак карда тавонад, шамшерро ҳамон кас мегирад!

Ин маслиҳат ба ҳамаашон маъқул шуд. Пас гӯри Боқимумсикро кушода, ӯро бароварда истода буданд, ки Боқӣ бо ваҳми ҷон тамоми овозашро сар дода фарёди даҳшатноке кашид.

– Э мурдаҳои қабристон! Хезед, ки моро ин худобехабарҳо тағопу карда истодаанд!..

Соқимумсик, ки дар гӯри дигар хобида буд, ба ӯ ҳамовоз шуд:

– Мо хестем, дигарон ҳам ҳезетон!!!

Дуздон аз ин овозҳои мудҳиши дилкафак шуда, молу чизҳояшонро партофта гурехтанд ва рафта ба сардорашон сурати воқеаро баён карданд. Чанд нафарашон аз тарс мурд. Сардорашон бовар накард, онҳоро сарзаниш кард ва худаш танҳо хеста ба сари қабристон омада дид, ки ду кас дар як ҷо нишаста молҳои дуздонро тақсим карда истодаанд. Оҳиста ба ақиби Боқӣ омада ҳам шуда истод.

Баъд аз он ки чизҳо тамоман тақсим карда шуданд, Соқӣ ба Боқӣ гуфт:

– Кани акнун ду тангаи маро деҳ!

Боқӣ дар ғазаб шуда ҷавоб гардонид:

– Аз пушти ду тангаат ба ҳамин қадар чизҳои қиматбаҳо соҳиб шудӣ, магар инҳо ҳеҷ баробари ду тангаат нашудаанд, ки боз даъво мекунӣ?

пешина
аз 23
навбатӣ