Зеҳн
Муомилоти пулӣ ва қарз

Шариф Раҳимзода. Китоби дарсӣ оид ба пайдоиш, вазифа ва муомилоти пул, қарз, таваррум ва муносибатҳои асъорию қарзии байналмилалӣ.

Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 29 саҳифа

ИқтисодиётМолияТаҳсилот
Аз аввал хондан

МУОМИЛОТИ ПУЛӢ ВА ТАРТИБИ ТАШКИЛИ ОН

Мафҳуми муомилоти пулӣ

Асоси пайдоиши пул пешрафти истеҳсолоти молӣ ва вобаста ба он муомилоти молӣ мебошад. Барои он ки пул тавонад ба муомилоти молӣ дуруст хизмат кунад, зарур аст, ки он баробари ҳаракати молҳо (аз фурӯшандагон ба харидорон) дар гардиш бошад. Яъне, муомилоти молӣ мутаносибан муомилоти пулиро талаб мекунад.

Донистани мафҳуми пул, зарурати пайдоиш, моҳият, вазифа ва намудҳои он имкон медиҳад, ки мо ба мафҳуми муомилоти пулӣ ва тартиби ташкили дурусти он сарфаҳм равем.

Ҳаракати пайвастаи пул (нақдӣ ва ғайринақдӣ) ҳангоми хариду фурӯши молҳо, хизматрасониҳо ва иҷрои дигар ӯҳдадориҳои марбут ба чунин муносибатҳо муомилоти пулӣ номида мешавад.

Муомилоти пулии ҳар як мамлакат аз ҳаракати пул дар байни субъектҳои зерин иборат аст:

  • Бонки марказӣ (миллӣ) ва бонкҳои тиҷоратӣ: ҳангоми додани пул барои қонеъкунии талаботи мизоҷон ва баргардонидани пул бо мақсади иҷрои ӯҳдадориҳою зиёд кардани захираҳои ҳисобҳои муросилотӣ (корреспондентӣ);

  • Бонкҳои тиҷоратӣ: ҳангоми қарздиҳӣ, хариду фурӯши асъор ва иҷрои ӯҳдадориҳои байниҳамдигарӣ;

  • Бонкҳои тиҷоратӣ ва мизоҷони онҳо (шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ): ҳангоми додани қарз, идоракунии маблағҳои суратҳисобҳо, баргардонидани қарзҳо ва пасандози пулҳои муваққатан озодмонда;

  • Шахсони ҳуқуқӣ: ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои байниҳамдигарӣ вобаста ба пардохти арзиши молҳо ва хизматрасониҳо;

  • Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ: ҳангоми додани музди меҳнат, нафақа, аъзоҳаққӣ, пардохти пули хизматрасониҳо ва ғайра;

  • Шахсони воқеӣ: ҳангоми хариду фурӯши молҳою хизматрасониҳо, гирифтани қарз аз якдигар ва баргардонидани он;

  • Бонкҳо ва муассисаҳои молиявии ғайрибонкӣ (ташкилотҳои суғуртавӣ, хазинаи нафақа, нуқтаҳои ивази асъор, биржаи асъор, биржаи коғазҳои қиматнок ва ғайра): ҳангоми додани қарзу маблағҳо аз суратҳисобҳо, баргардонидани қарзҳо, иҷрои ӯҳдадориҳо ва маблағгузорӣ;

  • Муассисаҳои молиявии ғайрибонкӣ ва аҳолӣ: ҳангоми додани нафақа, маблағи суғурта, хариду фурӯши асъору саҳмияҳо ва ғайра.

Азбаски ба муомилоти молӣ пулҳои нақдӣ ва ғайринақдӣ хизмат мекунанд, муомилоти пулӣ ба ду гурӯҳ тақсим мешавад:

  1. Муомилоти пулии нақдӣ: Он аз гардиши пулҳои хазинадорӣ, пулҳои қарзӣ (бонкнотаҳо) ва тангаҳои филиззӣ иборат аст. Пулҳои хазинадорӣ аз ҷониби Вазорати молия ё хазинадорӣ бароварда шуда, барои пӯшонидани касри буҷет истифода мешаванд. Пулҳои қарзӣ бошанд, аз ҷониби бонки марказӣ (миллӣ) бо роҳи қарздиҳӣ ба ҳукумату субъектҳои хоҷагидорӣ ва хариди асъори хориҷӣ ба муомилот бароварда мешаванд.

  2. Муомилоти пулии ғайринақдӣ: Он аз гардиши пайвастаи пасандозҳои бонкии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ иборат аст. Гардиши пасандозҳо ё пулҳои дар суратҳисобҳои бонкӣ буда бо истифодаи векселҳо, чекҳо, кортҳои бонкӣ, супоришномаҳои пулдиҳӣ ва талабномаҳои пулгирӣ таъмин карда мешавад. Истифодаи техникаю технологияи ҳозиразамон дар соҳаи бонкдорӣ рӯз аз рӯз намудҳои хизматрасонии бонкиро зиёд менамояд.

Мақсади муомилоти пулии нақдӣ ва ғайринақдӣ таъмини самаранокии муомилоти молӣ ва пардохтҳо мебошад. Ташкили дурусти он имкон медиҳад:

  • Устувории қурби пули миллӣ таъмин карда шавад;

  • Ҳаракати саривақтии маблағҳои пулӣ (пардохтҳо) дар байни суратҳисобҳои мизоҷон амалӣ гардад;

  • Гардиши пул, нигаҳдошти захираҳои пулӣ ва ивазкунии пулҳои фарсудашуда бо харҷи камтарин ба анҷом расонида шавад;

  • Талаботи асосноки мизоҷон ба қарз ва пули нақд қонеъ карда шавад.

Чоп ва эмиссияи пул

Азбаски дар ҳама давраҳо одамоне ҳастанд, ки ба чопи пулҳои қалбакӣ ва гирифтани даромади бедардимиён шавқи хоса доранд, дар дунё бо мақсади пешгирӣ намудани чунин амалиётҳои ғайриқонунӣ тартиби муайяни чопу ба муомилот баровардани пул қабул шудааст.

Аслан пул аз ҷониби ҳукумати мамлакат чоп карда мешавад. Дар қисме аз мамлакатҳо чопи пул ба ӯҳдаи бонки марказӣ (миллӣ) гузошта шудааст. Дар ҳар ду сурат, бо қарори ҳукумат гурӯҳи махсус аз ҳисоби олимон, рассомон ва мутахассисони соҳаи молияю бонкдорӣ ташкил карда мешавад. Ин гурӯҳ сохтори пул, ҳаҷму миқдори пулҳои чопшаванда, қурби он нисбат ба пулҳои дар муомилотбуда ва асъорҳои озод табдилшаванда, шакли пулҳо, мӯҳлати чопу ба муомилот баровардани онҳоро муайян намуда, барои тасдиқ ба ҳукумат пешниҳод менамояд.

Эзоҳ: Шакли пул ва дар пешу пушти он ҷой додани расми бузургон ва ҷойҳои таърихии кишвар аз ҷониби гурӯҳи корӣ муайян карда мешавад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки кишварҳо ба ин муносибати гуногун доранд. Масалан, дар болои евро аксҳои аниқи ба миллатҳои алоҳида дахлдошта ҷой дода нашудаанд. Қисме аз пулҳои Канада бо сурати шоҳи Бритониёи Кабир ороиш ёфтаанд.

Ҳангоми дар вазъи бӯҳрони иқтисодӣ қарор доштани иқтисодиёти мамлакат ва хавфи таъсири манфии овозаҳо оид ба чопи пули нав ба қурби пул ва нархҳо, сарвари давлат метавонад бо мақсади маҳфӣ нигоҳ доштани ин амалиёт иҷрои онро ба гурӯҳи муайян супорад. Баъзан харҷи чопи пул аз ҳисоби захираҳои бонки марказӣ пӯшонида шуда, баъдан аз ҳисоби буҷет барқарор карда мешавад.

Ширкати интихобшуда чопи пули миллиро дар шаклҳои қабулшуда ба роҳ мемонад. Баъдан ин пулҳо аз ҷониби бонки марказӣ ба муомилот бароварда мешаванд. Барои мисол, маблағи умумии сомониву дирамҳои чопшуда дар Тоҷикистон аз маблағи ҳангоми воридот (соли 2000) ба муомилот баровардашуда 5 баробар зиёд буд, ки имкон медод талаботи муомилот чанд соли дигар аз ҳисоби захираҳо таъмин карда шавад.

Тартиби ба муомилот баровардани пул, ки боиси зиёд шудани ҳаҷми он мегардад, эмиссияи пул ном дорад.

Баъди барориши аввала, ҳаҷми пул дар муомилот бо роҳи аз ҷониби бонки марказӣ (миллӣ) додани қарз ба ҳукумату бонкҳои тиҷоратӣ ё харидани асъори хориҷӣ зиёд карда мешавад.

Дар натиҷаи барориши пул даромади эмиссионӣ пайдо мешавад, ки он баробар аст ба фарқи байни арзиши номиналӣ ва арзиши аслии пулҳои нақд (харҷи чопи пулҳо):

Даромади эмиссионӣ=Арзиши номиналӣ−Харҷи чоп (арзиши аслӣ)

  • Арзиши номиналӣ: Арзише, ки дар рӯи пул навишта шудааст.

  • Арзиши аслӣ: Маблағе, ки барои чопи воҳиди пулӣ сарф карда шудааст.

Эмиссияи пулҳои ғайринақдӣ аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ ва пулҳои нақдӣ аз ҷониби бонки марказӣ амалӣ мегардад. Бонки тиҷоратӣ наметавонад аз бонки марказӣ пули нақд гирад, агар дар ҳисоби муросилотии худ маблағи заруриро надошта бошад.

Ҳисоби муросилотӣ: Ҳисоби бонки тиҷоратӣ, ки барои нигаҳдошт ва истифодаи мақсадноки маблағҳои он дар бонки марказӣ ё бонки дигари тиҷоратӣ кушода мешавад.

Эмиссияи пулҳои нақд бе дарназардошти зиёдшавии Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД) ё сармоягузориҳои хориҷӣ метавонад боиси беқурбшавии пул ва болоравии нархҳо (таваррум) гардад. Ҳаҷми пули дар муомилотбуда метавонад қисман бо захираҳои тиллоию асъорӣ ва қисман бо захираҳои молӣ таъмин бошад.

Мултипликатори бонкӣ

Дар муомилоти молию пулӣ гардиши пайвастае вуҷуд дорад: пасандоз → қарз → соҳаҳои савдо ва хизматрасонӣ → пасандоз → қарз..., ки боиси зиёдшавии ҳаҷми пул дар муомилот мегардад.

Тартиби зиёдшавӣ (мултипликатсия)-и ҳаҷми пул дар натиҷаи истифодаи маблағи пасандозҳо ҳамчун сарчашмаи қарздиҳӣ мултипликатори бонкӣ ном дорад. (Дар адабиёти иқтисодӣ инчунин мафҳумҳои мултипликатори қарзӣ ва мултипликатори пасандозӣ истифода мешаванд).

Мисоли амали мултипликатори бонкӣ:

Фарз мекунем, маблағи умумии пасандозҳо дар «Фононбонк» ба 100 000 сомонӣ баробар аст. Агар меъёри захираи ҳатмӣ дар Бонки марказӣ 15% ва захираи кассавии худи бонк 10% бошад, бонк метавонад 75%-и пасандозро (75 000 сомонӣ) ба қарз диҳад.

Раванди тақсимоти ин маблағ дар занҷираи бонкӣ чунин сурат мегирад:

Дар охири ин амалиёт маблағи пасандози асосӣ (100 ҳазор сомонӣ) дар шакли захираи кассавӣ ва ҳатмӣ ба бонкҳо баргашта, 300 ҳазор сомонӣ пасандозҳои иловагӣ (пулҳои нав пайдошуда) ба қарз дода мешавад.

Ҳаҷми умумии пасандозҳои иловагӣ аз меъёрҳои захиравии Бонки марказӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ мустақиман вабаста аст:

  • Агар ҷамъи меъёрҳо 10% бошад → 100 ҳазор сомонӣ пасандози асосӣ ба 1 млн. сомонӣ табдил меёбад (900 ҳазор сомонӣ пули нав).

  • Агар ҷамъи меъёрҳо 40% бошад → 100 ҳазор сомонӣ ба 250 ҳазор сомонӣ табдил меёбад (150 ҳазор сомонӣ пули нав).

Дуруст муайян кардани меъёри захираи кассавӣ ва истифодаи механизми идоракунии мултипликатори бонкӣ ба Бонки марказӣ имкон медиҳад, ки ҳаҷми пули дар муомилотбударо танзим намуда, аз таваррум (беқурбшавии пул) ва бетартибии бозор пешгирӣ намояд.

пешина
аз 29
навбатӣ