Зеҳн
Муомилоти пулӣ ва қарз

Шариф Раҳимзода. Китоби дарсӣ оид ба пайдоиш, вазифа ва муомилоти пул, қарз, таваррум ва муносибатҳои асъорию қарзии байналмилалӣ.

Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 29 саҳифа

МолияТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Нақши пул дар истеҳсолот ва давлатдорӣ

Дар шароити сол аз сол зиёд шудани миқдори аҳолӣ ва кам шудани масоҳати заминҳои ҳосилдиҳанда, ягона роҳи беҳшавии дараҷаи некӯаҳволии мардум, ки шарти асосии эътирофи сиёсати ҳукумат аз тарафи аҳолӣ аст, таъмини пешрафти истеҳсолот ва такрористеҳсоли васеи молҳою зиёдкунии ҳаҷми хизматрасонӣ мебошад.

Гарчанде дар Тоҷикистон ҳар сол аз ҳисоби обёрӣ намудани заминҳои нав масоҳати заминҳои ҳосилдиҳанда зиёд мегардад, вале ин беохир нест, зеро масоҳати умумии заминҳои ҳамвору обёришаванда маҳдуд аст. Аз тарафи дигар, сол то сол масоҳати заминҳои корам кам мешавад, зеро шӯразанӣ ва шуста бурдани заминҳои корам дар натиҷаи офатҳои табиӣ пайваста зиёд шуда истодааст. Илова ба ин, дар заминҳои обёришаванда сохтани хонаҳои истиқоматию иншооти дигар масъалаи нарасидани заминро дар Тоҷикистони камзамин боз ҳам вазнинтар месозад.

Пул, ки худ маҳсули меҳнат асту аз байни молҳои дигар берун баромадааст, дар пешрафти истеҳсолот ва таъмини такрористеҳсоли васеи молҳо нақши хосаро мебозад. Ҳанӯз дар рафти истеҳсолот пул барои муайян намудани арзиши аслии молу хизматрасонӣ истифода мешавад, зеро барои молистеҳсолкунанда зарур аст, ки арзиши аслии маҳсули меҳнаташ аз нархи чунин мол дар бозор зиёд набошад.

Азбаски натиҷаи меҳнат танҳо ҳангоми фурӯш дар бозор эътироф карда мешавад, зарур аст, ки он бо пул ифода ёбад, яъне нақши пул ҳамчун ченаки арзиш дар истеҳсоли мол ва гузоштани заминаи васеъ барои такрористеҳсоли он хеле муҳим аст.

Дуруст муайян намудани нархи мол шарти асосии ба фурӯш рафтани он аст. Дар шароити рақобати бозорӣ нархи қисме аз молҳо метавонад аз арзиши аслии онҳо кам бошад. Чунин ҳолат боиси кам кардани истеҳсоли ин намуди молҳо гардида, дар навбати худ ба болоравии баъдинаи нархи онҳо сабаб мешавад. Ҳамин тариқ, таносуби дурусти нархҳо ва миқдори молу ҳаҷми хизматрасонӣ таъмин мегардад.

Эътирофи мол дар бозор боиси бастани шартномаҳо байни молистеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагон мегардад. Иҷрои ӯҳдадориҳои шартномавӣ бо роҳи пардохти арзиши мол ва хизматҳои расонидашуда дар шакли маблағҳои пулӣ анҷом меёбад. Яъне, пул дар ин ҳолат ҳамчун воситаи ташкили муносибатҳои иқтисодии истеҳсолкунандагону истеъмолкунандагон зуҳур мекунад. Илова ба он, пеш аз пардохти мол харидор миқдори молҳою ҳаҷми хизматҳои расонидашуда ва сифати онҳоро месанҷад, ки ин нишонаи ҳамчун воситаи назорати иҷрои ӯҳдадориҳо зуҳур кардани пул аст.

Агар аз як тараф, ба воситаи пул харҷи ашёи хом, барқ, меҳнат ва ғайра барои истеҳсоли мол ҳисоб карда шавад, аз тарафи дигар, ба воситаи пул даромад аз фурӯши мол, арзиши аслӣ ва фоидаи гирифташуда ҳисоб карда мешавад, ки барои муайянкунии самаранокии истеҳсолот хеле муҳим аст.

Молистеҳсолкунанда баробари гирифтани пули мол ба иҷрои ӯҳдадориҳои худ дар назди кормандон оид ба додани музди меҳнат, буҷет оид ба додани андоз, бонк оид ба додани фоизи қарз ва маблағи асосии он, ширкатҳои дигар оид ба додани қарзҳояш ва ғайра шурӯъ менамояд.

Илова ба ин, зарурати ташкилу истифодаи фонди амортизатсионӣ, ки асоси васеъ кардани истеҳсолот ва хариди таҷҳизоти нав ба шумор меравад, нишондиҳандаи дигари нақши баланди пул дар пешрафти истеҳсолот мебошад.

Пешрафти истеҳсолот инчунин аз малакаи кории кормандон вобаста аст. Ин аст, ки ширкатҳо ба омӯзиши пайвастаи кормандонашон диққати махсус дода, бо ин мақсад фондҳои махсуси пулӣ ташкил менамоянд.

Пул ҳамчун воситаи ҳавасмандгардонии кормандон барои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва истеҳсоли моли хушсифату бозоргир нақши муҳимро мебозад. Дар ширкатҳои истеҳсолию хизматрасонӣ барои ҳавасмандгардонии кормандоне, ки барои беҳтар кардани сифати маҳсулот таклифҳо пешниҳод мекунанд, фондҳои махсуси пулӣ ташкил карда шудаанд. Ва баръакс, ҳангоми истеҳсоли моли пастсифат бо роҳи надодани музди меҳнат ё додани музди меҳнати кам ба корманд танбеҳ дода мешавад.

Дар шароити иқтисоди бозорӣ пул инчунин воситаи ҷалб кардани мардум ба идоракунии истеҳсолот мебошад. Фурӯши саҳмияҳои ширкатҳо, иштироки саҳмдорон дар идоракунии онҳо ва гирифтани фоида (дивиденд) боиси ҳавасмандии мардум ба фаъолияти самараноки ширкатҳои алоҳида ва соҳаҳои истеҳсолии мамлакат мегардад.

Ҷаҳонишавӣ (глобализатсия)-и муносибатҳои иқтисодӣ ва баҳодиҳии вазъи молиявии ширкатҳо бо воситаи нархгузории саҳмияҳои онҳо дар биржаҳои дохилию байналмилалӣ асоси пешрафти соҳаҳои алоҳида дар мамлакат гардида, иштироки сармояи хориҷиро дар инкишофи ин соҳаҳо таъмин менамояд.

Тавре ки мебинем, аз аввал (ташкили истеҳсолот) то охир (фурӯши маҳсулоту иҷрои ӯҳдадориҳо) пул нақши ҳалкунандаро мебозад. Азбаски мақсади асосии истеҳсолкунандагон гирифтани фоида аст, онҳо барои таъмини такрористеҳсоли васеи молҳо захираҳои заруриро ташкил менамоянд.

Аз ин рӯ, пул на танҳо воситаи ташкили дурусти муомилоти молӣ, балки воситаи таъмини такрористеҳсоли васеи молҳо низ мебошад.

Таъмини пешрафти иқтисодиёт, сохтани шароити мусоид барои зиёд кардани истеҳсоли молҳои ватанӣ ва ҳаҷми хизматрасонӣ, ҳимояи бозори дохилӣ аз воридоти молҳое, ки дар дохили кишвар низ истеҳсол мешаванд, ҳавасмандгардонии содироти молҳои ватанӣ ва ҳалли масъалаҳои дигари ба инҳо монанд ба сиёсати иқтисодии давлат вобаста аст.

3.2. Сиёсати иқтисодии давлат ва нақши пул дар татбиқи он

Ҳукумати ҳар як мамлакат бо мақсади ҳалли дурусти масъалаҳои иқтисодӣ ва таъмини пешрафти иқтисодиёташ сиёсати худро барои чанд соли оянда муайян менамояд. Мақсади асосии сиёсати иқтисодии ҳукумат се чиз аст:

  • таҳти назорат гирифтани таваррум (инфлятсия) ё роҳ надодан ба болоравии нархҳо;

  • роҳ надодан ба бекории шаҳрвандон ё дар дараҷаи муайян нигоҳ доштани сатҳи бекорӣ;

  • таъмини тавозуни пардохти мусбӣ ё ба таври дигар таъмини барзиёд будани содирот аз воридот.

Вазъи иқтисодиёти мамлакат ва эътирофи дурустии сиёсати ҳукумат ба таъмини иҷрои се нишондиҳандаи дар боло зикршуда сахт вобаста аст. Илова ба ин, ба даст овардани муваффақият дар ин самт шарти асосии таъмини пешрафти иқтисодиёту зиёд намудани даромади миллӣ ва дар ин асос беҳтар кардани дараҷаи некӯаҳволии мардум мебошад.

Ҳукумат барои баҳодиҳӣ ба вазъи умумии иқтисодиёти кишвар ва дараҷаи некӯаҳволии мардум нишондиҳандаю категорияҳои зеринро истифода мебарад:

маҷмӯи маҳсулоти миллӣ, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, даромади миллӣ, ҳаҷми истеҳсолоти соҳавӣ (саноат, кишоварзӣ, савдо), хизматрасонӣ, ҳаҷми корҳои иҷрошуда (сохтмон), содироту воридот, тавозуни пардохт, ҳаҷми савдои берунӣ, фоида, арзиши аслӣ, нарх, тавозуни даромаду хароҷоти пулии аҳолӣ, ҳадди ақали музди меҳнат (минималӣ), музди меҳнати миёна, ҳаҷми қарзи хориҷии давлат, ҳаҷми қарзи дохилии давлат, ҳаҷми захираҳои асъории давлат ва ғайра.

Илова ба ин, дар соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёт нишондиҳандаҳои махсус истифода мешаванд. Масалан, дар соҳаи бонкдорию молия: ҳаҷми пул, қурби пул, ҳаҷми қарз, буҷет, даромаду хароҷоти он, андоз ва ғайра.

Агар ба мазмуни ин нишондиҳандаю категорияҳо диққат диҳем, мебинем, ки танҳо сатҳи бекорӣ ва таваррум бо фоиз ҳисоб карда мешаванд. Албатта, чанд нишондиҳандаи дигар низ ба монанди дараҷаи некӯаҳволии мардум, дарозмурии мардум ва ғайра бо фоизу миқдор ифода меёбанд, вале миқдори онҳо нисбат ба нишондиҳандаҳое, ки бо пул ифода меёбанд, хеле кам аст.

Ба болои ин заминаи ҳисоби аксари нишондиҳандаҳо ифодаи пулӣ дорад. Масалан, таваррум ин таносуби байни нархи маҳсулоту хизматҳо дар давраҳои гуногун мебошад.

Қариб ҳамаи ҳисоботҳои оморӣ, ки асоси баҳодиҳии фаъолияти ҳукумату вазоратҳои он дар самтҳои гуногун мебошанд, ифодаи пулӣ доранд.

Нақши пул инчунин дар ташкил, тақсим ва аз нав тақсимкунии даромади миллӣ хеле баланд аст. Ҳукумат барои расидан ба ин мақсад буҷети давлатӣ, андоз, қарз ва таваррумро истифода мебарад.

Ҳукумат бо роҳҳои гуногун маблағҳои муваққатан озод мондаи аҳолиро барои пӯшонидани касри буҷет истифода мекунад. Шакли асосии ҷалб кардани пулҳои аҳолӣ қарзгирӣ бо роҳи фурӯши коғазҳои қиматноки хазинадорӣ мебошад.

Истифодаи таваррум чун воситаи тақсими даромади миллӣ дар он зоҳир мешавад, ки сохторҳои давлатӣ имкон доранд бо роҳи паст кардани қурби пулу боло бурдани нархҳо аз корхонаю шаҳрвандон андози иловагии «ноаён» гирифта, камомади буҷети худро пӯшонанд.

Фарз кардем, ки маоши коргар 100 сомонӣ буда, нархи гӯшт дар бозор 2 сомонӣ аст, яъне ӯ имкон дорад бо ин маош 50 кг гӯшт харад. Аммо сохтори дахлдори давлатӣ аз сабаби пурра ҷамъ накардани андозҳо имкони пӯшонидани хароҷоти заруриро надорад ва ба муомилот пулҳои иловагӣ мебарорад, ки боиси болоравии нархҳо мегардад. Масалан, дар натиҷаи ин нархи гӯшт 25 фоиз боло рафта, 2,5 сомониро ташкил медиҳад. Моҳи дигар гарчанде коргар 100 сомонӣ маош мегирад, бо он мисли пештара 50 кг не, балки танҳо 40 кг гӯшт харида метавонаду халос. Ин нишонаи он аст, ки маоши ҳақиқии коргар 20 фоиз кам карда шудааст, ҳарчанд маоши номиналии он тағйир наёфтааст. Аз тарафи дигар, болоравии нархҳо ё роҳ додан ба таваррум боиси зиёдшавии ҳиссаи номиналии фоида дар нархи мол мешавад. Азбаски қисми фоида ҳамчун андоз ба буҷет ворид мешавад, он дар навбати худ боиси зиёд шудани даромади буҷет мегардад.

Ҳамин тариқ, сохторҳои давлатӣ метавонанд дар ҳолати зарурӣ таваррумро ҳамчун воситаи ҳалли мушкилоти буҷетии худ истифода баранд.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки баъди бӯҳрони сахти иқтисодӣ, ҷангҳои шаҳрвандӣ, инчунин бо мақсади ҷалби бештари маблағҳои аҳолӣ ҳукуматҳо чанд соле як бор амнистияи пулӣ мегузаронанд. Дар Тоҷикистон чунин амнистия соли 2003 гузаронида шуд ва соҳибкорону шахсони алоҳида зиёда аз 500 млн сомонӣ маблағҳои пулии худро ба бонкҳо супурданд. Аксари ин маблағҳо то ҳанӯз чун пасандоз дар бонкҳо нигоҳ дошта мешаванд, ки ҳам барои соҳиби пасандоз ва ҳам барои бонку соҳаҳои хоҷагии халқ манфиатовар аст.

Барои ҳукумат пул на танҳо воситаи баҳодиҳӣ ба вазъи иқтисодиёт, инчунин воситаи таъсиррасонӣ ба вазъи содироту воридоти молу хизматрасонӣ мебошад.

Ҳар як мамлакат вобаста ба ҷойгиршавӣ ва шароитҳои табииаш имконияти хосаи истеҳсоли маҳсулоти муайянро дорост. Аз ин рӯ, дар барномаи иқтисодии ҳукумат зарурати дастгирии соҳаҳои алоҳида, ки самаранокии баланд доранд, нишон дода мешавад. Беҳуда нест, ки дар Тоҷикистон ба соҳаи пахтакорӣ диққати махсус дода мешавад.

Таҷрибаи мамлакатҳои пешрафтаи аврупоӣ нишон медиҳад, ки ҳукумат бо мақсади дастгирии молистеҳсолкунандагони дохилӣ, хусусан дар соҳаи кишоварзӣ, қисме аз хароҷоти онҳоро аз ҳисоби буҷети давлатӣ мепӯшонад ва албатта, ин дастгирӣ бо истифодаи пул амалӣ мегардад.

Сиёсати иқтисодии давлат на танҳо ба ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ дар дохили кишвар равона карда шудааст. Дар шароити ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодӣ ягон давлат наметавонад бе муносибат ва додугирифт бо мамлакатҳои дигар вуҷуд дошта бошад. Бинобар ин, дар сиёсати иқтисодии давлат ба муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ аҳамияти хосса дода мешавад.

3.3. Нақши пул дар муносибатҳои байналмилалии давлат

Нақши пул дар ташкили муносибатҳои сиёсию иқтисодии байналмилалӣ хеле баланд аст. Беҳуда нест, ки англисҳо мегӯянд: «пул ҷаҳонро ба гардиш овардааст» — «money makes the world go round».

Сарфи назар аз шакли давлатдорӣ (дунявӣ, демократӣ, халқӣ, динӣ ва ғайра) мамлакатҳо байни ҳамдигар муносибатҳои иқтисодию сиёсӣ доранд.

Корхонаю ширкатҳои мамлакатҳои гуногун байни ҳам шартномаҳо баста, иҷрои онҳоро ҳатман бо истифодаи пул таъмин менамоянд. Пул барои баҳодиҳӣ ба фоиданокии воридоту содироти молҳою хизматрасонӣ ва ҷазодиҳии ҳамдигар дар ҳолати иҷро накардани шартнома истифода мешавад.

Мамлакатҳо барои баҳо додан ба вазъи муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ ва муайян намудани сиёсати иқтисодиашон дар ин самт аз тавозуни пардохт, ки бо пул ифода ёфтааст, истифода мекунанд, зеро он таносуби содироту воридотро нишон медиҳад. Дар ҳолати аз содирот зиёд будани воридот, ки боиси камшавии захираҳои асъорӣ ва заифии вазъи иқтисодии кишвар мегардад, ҳукумат барои ҳавасманд намудани содироти молҳои ватанию кам кардани воридоти молҳои хориҷӣ чораҳо меандешад.

Нақши пул дар ташкили захираҳои асъории давлат, ки яке аз шартҳои эътирофи сиёсати иқтисодии он аз ҷониби кишварҳои дигар ва ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ мебошад, хеле баланд аст. Мутобиқ ба тартиби қабулшуда ҳаҷми захираҳои асъории давлат бояд на кам аз харҷи семоҳаи он барои воридот бошад. Ин аст, ки давлатҳо дар қатори дигар чораҷӯиҳои зарурӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ захираҳои асъориро низ ташкил менамоянд.

Мисол: Дар Тоҷикистон соли 2005 харҷи якмоҳа барои воридоти молу хизматрасониҳо ба 50 миллион доллари ИМА баробар буд. Аз ин рӯ, захираҳои асъории кишвар бояд на кам аз 150 миллион долларро ташкил медоданд.

Кишварҳои доро бо роҳи истифодаи пул ба мамлакатҳои эҳтиёҷманд ёрӣ мерасонанд, ки он метавонад ёрии бебозгашт (грант) ва ё қарз бошад. Қарз ҳам дар навбати худ метавонад имтиёзнок ё тиҷоратӣ бошад.

Ёрии бебозгашт (грант) хусусан дар ҳолатҳои хушксолӣ, зарар дидан аз офатҳои табиӣ, барқароркунии баъдиҷангии хоҷагии халқ ва ҳолатҳои дигар расонида мешавад. Масалан, соли 2002 Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон барои пӯшонидани зарари аз хушксолӣ дидааш ба маблағи 10 млн евро ёрии бебозгашт кард.

Илова ба ин, мамлакатҳо барои идораи гардиши пулу ҳалли масъалаҳои тиҷоратӣ ташкилотҳои молиявии байналмилалиро ташкил кардаанд, ки бо воситаи онҳо ба мамлакатҳои эҳтиёҷманд ёрӣ мерасонанд. Чунин ташкилотҳои молиявии ҷаҳонӣ ба монанди Хазинаи байналмилалии асъор (IMF), Бонки ҷаҳонӣ, Бонки бозсозӣ ва рушди Аврупо (EBRD), Бонки осиёии рушд (ADB), Бонки исломии рушд (IDB) ва ғайраҳо дар расонидани ёрии техникӣ ва додани қарзҳои имтиёзнок ба мамлакатҳои қафомонда саҳми арзанда доранд. Илова ба ин, хазинаҳои гуногуни гурӯҳи давлатҳо ё давлатҳои алоҳида мавҷуданд, ки дар пешрафти мамлакатҳои қафомонда саҳмгузоранд.

Ба ин гурӯҳ Хазинаи ОПЕК (Ташкилоти давлатҳои содиркунандаи нафт), Хазинаи арабии инкишоф (Арабистони Саудӣ), Хазинаи Абу-Дабӣ (Амороти Муттаҳидаи Араб), Хазинаи Ноу-хау (Бритониёи Кабир) ва ғайра дохил мешаванд.

Ёрии техникӣ барои омодасозии барномаҳо, хариди компютеру мошинҳои нусхабардорӣ, омӯзиши кормандон ва ғайра дода мешавад. Маблағи он то 2 млн доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Масалан, Бонки исломии рушд соли 2001 барои омӯзиши кормандон ва таҷҳизонидани идораи кор бо ташкилотҳои молиявии байналмилалии Бонки миллии Тоҷикистон 240 ҳазор доллари ИМА ҷудо намуд.

Мамлакатҳои қафомонда на ҳамеша имкон доранд маоши кормандони буҷетӣ, нафақа, стипендияи донишҷӯёнро сари вақт диҳанд. Ин метавонад боиси норозигии шаҳрвандон аз сиёсати ҳукумат гардад. Аз ҷониби ташкилотҳои молиявии байналмилалии мамлакатҳои алоҳида додани қарзи имтиёзнок барои пӯшонидани касри буҷет имкон медиҳад, ки давлат масъалаҳои дар боло зикршуда ва дигар масоили иҷтимоиро ҳал намояд.

Мисол: Соли 1998 Бонки ҷаҳонӣ барои пӯшонидани касри буҷет ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 50 млн доллари ИМА қарзи бефоиз дод. Мамлакати Япония соли 2002 ба Тоҷикистон барои ҳамин мақсад 20 млн доллари ИМА ҷудо карда буд.

Вазъи имрӯзаи муносибатҳои байналмилалӣ дар ҷаҳон нишон медиҳад, ки мамлакатҳои абарқудрат пулро на танҳо барои ташкили самараноки муносибатҳои иқтисодии дохилию берунӣ, инчунин барои татбиқи сиёсату ҳимояи манфиатҳои худ дар мамлакатҳои дигар истифода мебаранд. Бо додани ёрии пулӣ ба мамлакатҳои эҳтиёҷманд онҳо масъалаҳои сиёсии минтақаҳои алоҳидаро ба манфиати худ ҳал менамоянд.

Мисол: Соли 2002 ҳангоми забти Фаластин аз ҷониби Исроил ва вобаста ба ин бад шудани муносибатҳои сиёсии он бо кишварҳои араб, танҳо вобастагии молиявии қисме аз мамлакатҳои араб аз ИМА, ки ҷонибдори Исроил буд, тавонист пеши роҳи ҷанги мамлакатҳои арабро бо Исроил гирад. Барои мисол, ҳар сол ИМА дар баробари ёрии молиявиаш ба мамлакати Исроил (зиёда аз 2,5 млрд доллар) ба кишвари Миср низ ёрӣ медод. Миср ба ивази он манфиатҳои ИМА-ро дар ин минтақа ҳимоя мекард.

Илова ба ин, пул ҳамчун воситаи муборизаи байниҳамдигарии мамлакатҳо низ истифода мешавад. Олими аврупоие зикр кардааст, ки барои мағлуб кардани давлате истифодаи силоҳ ҳатмӣ нест, шумо метавонед бо роҳи вайрон кардани низоми пулии он ба мақсадатон бирасед. Ин аст, ки дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ мамлакати Олмон дар мубориза бар зидди Бритониёи Кабир аз ин восита истифода кардааст. Ҳатто дар ҷанг бар зидди СССР نیز баъди забти қисми муайяни ҳудуди он немисҳо чоп ва истифодаи пулҳои шӯравии истеҳсоли соли 1937-ро ба роҳ монданд.

Бо супориши сарвари онвақтаи Олмон — Адолф Гитлер аз ҳисоби муҳандисону кормандони соҳаи полиграфӣ, ки асир афтода буданд, гурӯҳи махсус ташкил шуда буд. Мақсади ташкили гурӯҳ аз нав баровардани фунт стерлинги Бритониёи Кабир буд. Бо истифодаи ин гурӯҳ Олмон тавонист, ки баъди як сол сирри фунт стерлингро кушода, чопи онро ба роҳ монад. Санҷиши махфӣ дар Бритониёи Кабир нишон дод, ки сифати фунт стерлингҳои чопи олмонӣ аз фунт стерлингҳои англисӣ беҳтар аст. Мамлакати Олмон чопи васеи онҳоро ба роҳ монда, бо ин восита, аз як тараф, ба иқтисодиёти Бритониёи Кабир зарари калон расонид, аз тарафи дигар, фоидаи калони моддӣ гирифт.

Ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ дар Афғонистон низ баъзе аз мамлакатҳо бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои манфиати онҳоро ҳимоякунанда чопи пулҳои афғониро ба роҳ монда буданд. Охири соли 2002 (пеш аз ворид кардани афғониҳои нав) дар муомилот афғониҳои кӯҳна бо номҳои «раббонӣ», «толибӣ» ва «дӯстумӣ» истифода мешуданд, ки аз ҳам каму беш фарқ доштанд.

  • «Раббонӣ» — аз номи Бурҳониддин Раббонӣ — президенти қонунии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва сарвари Иттиҳоди шимолии Афғонистон, ки то давраи ба қудрат омадани президент Ҳомид Карзай (соли 2002) ба зидди толибон мубориза бурдааст;

  • «Толибӣ» — аз номи «толибон» — гурӯҳи силоҳбадастоне, ки аз соли 1997 то охири соли 2001 қисми зиёди Афғонистонро таҳти идораи худ гирифта буданд, вале бо сабаби характери реаксионӣ доштани сохтори идоракуниашон аз тарафи давлатҳои дигар эътироф нашуданд (ба ғайр аз Покистону Арабистони Саудӣ);

  • «Дӯстумӣ» — аз номи генерал Абдулрашид Дӯстум — сарвари гурӯҳи ҷанговароне, ки гоҳ ба Иттиҳоди шимолӣ якҷо мешуду гоҳ ҷудо ва дар Ҳукумати нави Афғонистон (солҳои 2002–2004) вазифаҳои муовини вазири дифоъ ва баъдан мушовири президент оид ба масъалаҳои ҳарбиро иҷро мекард.

Чӣ хеле ки мебинем, нақши пул дар ташкили муносибатҳои иқтисодию сиёсии дохилию байналмилалӣ хеле баланд аст. Аз ин рӯ, олимони дунё ба омӯзиши ин категорияи иқтисодӣ диққати махсус додаанд. Бонкҳои марказии мамлакатҳои алоҳида дар сохтори худ пажӯҳишгоҳҳои илмии махсусро ташкил кардаанд, ки ба омӯзиши муомилоти пулӣ, тартиби ташкили самараноки он, ҷорӣ намудани шаклҳои ҳозиразамони ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва масъалаҳои дигари дахлдор сару кор доранд.

Масалан, дар сохтори Бонки марказии Русия Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии муомилоти пулӣ ва қарз мавҷуд аст, ки ба кори илмӣ дар соҳаи бонку бонкдорӣ, пулу қарз ва муносибатҳои қарзии байналмилалӣ машғул аст. Бонкҳои марказии мамлакатҳои ҳамсоя бо ин мақсад дар ҳайати худ раёсатҳои махсуси илмиро таъсис додаанд.

Акнун, ки аз омӯзиши пайдоиш, зарурат, вазифаю нақши пул ба омӯзиши муомилоти он мегузарем, ба хонандаи азиз замимаҳое пешниҳод мешаванд, ки шӯхиомез, вале таълимдиҳандаанд.

пешина
аз 29
навбатӣ