Муомилоти пулӣ ва қарз

Шариф Раҳимзода. Китоби дарсӣ оид ба пайдоиш, вазифа ва муомилоти пул, қарз, таваррум ва муносибатҳои асъорию қарзии байналмилалӣ.
Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 29 саҳифа
ҚОНУНИ МУОМИЛОТИ ПУЛӢ ВА НАЗОРАТИ ГАРДИШИ ПУЛ
Миқдори пул ва нишондиҳандаҳои ба он алоқаманд
Дар давраҳои аввали истифодаи тиллою нуқра ҳамчун пул зарурати назорати гардишу танзими миқдори он ба миён наомада буд, зеро истеҳсоли тиллою нуқра дар дунё маҳдуд буда, ба қурби онҳо таъсири манфӣ намерасонд. Вале баробари кушода шудани қитъаҳои нав ва зиёд шудани истеҳсоли тиллою нуқра хатари таъсири манфии он ба қурби пул ба миён омад.
Масалан, дар асри XVI аз Амрикои Ҷанубӣ ба Испания овардани миқдори зиёди тиллою нуқра боиси зиёд шудани миқдори пул дар муомилот, болоравии нархҳо ва касодшавии ширкатҳою соҳибкорони алоҳида гардид. Ин ҳодиса ҳукуматдоронро маҷбур сохт, ки ба масъалаҳои ташкили муомилоти пулӣ диққати махсус диҳанд.
Маълум шуд, ки дар миёни миқдори пул ва молҳои дар муомилотбуда баробарӣ ва ё таносуби муайян ҳукмфармост. Таъмин нагардидани ин баробарӣ ва ё таносуб ба нархҳо бетаъсир намемонад.
Барои сарфаҳм рафтан ба ин муаммо моро зарур аст, ки мафҳумҳои зеринро аз худ намоем:
-
Миқдори пул
-
Суръати гардиши пул
-
Сатҳи умумии нархҳо
-
Миқдори молҳо
Миқдори пул
Аз фанни «Иқтисоди сиёсӣ» тақозои қонуни талаботу пешниҳод ва зарурати риояи он ба ҳама маълум аст. Пул, ки худ мол аст, каму зиёд шудани миқдораш дар муомилот ба қурб ва ё нархи он таъсир мерасонад.
Мисол: Дар давлате 1 млн. воҳиди пулӣ ва 1 млн. дона моли муайян мавҷуд буда, нархи як дона мол ба як воҳиди пулӣ баробар аст. Агар бо сабабе ҳукумат ба муомилот боз 1 млн. воҳиди пулии дигар барорад, одамон баъди чанде шоҳиди он мегарданд, ки сарф кардани миқдори пулҳои иловагӣ ғайриимкон аст, зеро дар бозор миқдори молҳо зиёд نشدهаст. Аз ин рӯ, рақобати байни одамон барои ҳарчи зудтару зиёдтар харидани молҳои мавҷуда сар шуда, хоҳу нохоҳ боиси болоравии нархҳо мегардад. Ин рақобат то баробар шудани нархи як дона мол ба ду воҳиди пулӣ давом мекунад.
Ҳамин тавр, барои устувор нигоҳ доштани қурби пулу нархи молҳо зарур аст, ки таносуби байни миқдори пул ва арзиши молҳои мавҷуда таъмин карда шавад.
Барои баъдан дар формула истифода кардани «миқдори пул» мо онро бо Мп ишора мекунем.
Суръати гардиши пул
Пулҳои дар муомилотбуда доимо дар гардишанд. Агар донишҷӯ баъди гирифтани стипендия бо хурсандии зиёд аз ошхона хӯроки гӯштдоре харад, ин маънои онро надорад, ки бо ҳамин пулҳои ба ивази хӯрок додаи ӯ нест мешаванд. Соҳиби ошхона рӯзи дигар ё дертар бо ин пул аз бозор гӯшт мехарад, гӯштфурӯш дар навбати худ мол мехарад, молфурӯш маҳсулоти дигар ва ғайра. Ин раванди беохир аст, ки дар он пул воситаи додугирифт буда, доимо дар гардиш аст. Албатта, суръати гардиши қисме аз пулҳо тезтар буда (масалан, пулҳое, ки барои додани стипендия истифода мешаванд), суръати гардиши қисми дигар сусттар аст (масалан, мукофотпулии одамони дорою бадавлат барои пасандоз истифода мешавад ва ё ба кунҷи сандуқ меафтад).
Мисол: Фарз мекунем, ки соли гузашта миқдори пули дар муомилот истифодашуда 1 млн. сомонӣ буд, вале далелу рақамҳои оморӣ шаҳодат медиҳанд, ки дар ҳамин давра арзиши молҳои фурӯхташуда ба 10 млн. сомонӣ баробар аст. Ин нишонаи он аст, ки ҳар як сомонӣ ба ҳисоби миёна дар ин давра 10 маротиба гардиш кардааст, яъне суръати гардиши пул ба 10 баробар аст.
Ҳангоми таҳлили иқтисодӣ суръати гардиши пул бо роҳи тақсими Маҷмӯи маҳсулоти миллӣ ба ҳаҷми пул (агрегатҳои пулии M1 ё M2) муайян карда мешавад. Тавре ки мебинем, ин ба гуфтаҳои боло ҳаммазмун аст.
Барои баъдан истифода кардани ин мафҳум дар формула мо онро бо Сгп (суръати гардиши пул) ишора менамоем.
Азбаски омилҳои гуногун метавонанд ба гардиши пул таъсир расонида, суръати онро тағйир диҳанд, моро зарур аст, ки таъсири манфии дигар шудани суръати гардиши пулро ба қурби пул ва нархҳо муайян намоем.
Масалан, мардум ҳангоми хушксолӣ бо мақсади ҳар чи тезтар захира кардани ғизо маблағҳои пасандоз ва ё дар сандуқҳо нигоҳдоштаи худро мебароранд, ки боиси зиёд шудани пул дар муомилот ва суст шудани суръати гардиши он мегардад. Бо ворид кардани шаклҳои нави ҳисоббаробаркунӣ суръати гардиши пул меафзояд. Масалан, соли 1994 мӯҳлати гузариши маблағ байни бонкҳои дар Душанбею Хуҷандбуда на кам аз ду ҳафта буд, вале акнун барои чунин амалиёт ҳамагӣ чанд дақиқа лозим асту халос. Яъне, дар ин ҷо суръати гардиши пул даҳчанд афзудааст.
Дигар шудани суръати гардиши пул ба ҳаҷми пул ва қобилияти харидории мардум таъсир мерасонад. Фарз мекунем, ки суръати гардиши пул 10 маротиба не, балки 12 маротиба аст. Дар ҳолати тағйир наёфтани миқдори пули дар муомилотбуда (1 млн. сомонӣ) қобилияти харидории мардум ба 12 млн. сомонӣ баробар мешавад. Агар дар ин давра миқдори молҳои дар бозорбуда (10 млн. сомонӣ) зиёд нашавад, хоҳ-нохоҳ баъди чанде нархи молҳо 20 фоиз боло рафта, қурби пули сомонӣ паст мешавад.
Таҳти мафҳуми қобилияти харидории мардум талаботи бо пул таъминшавандаи онҳо дар назар дошта мешавад. Тавре ки медонем, ҳама хоҳиш доранд мошини сабукрав داشته бошанд, вале на ҳама пул доранд, ки ин талаботашонро қонеъ гардонанд. Ҳангоми ба нақша гирифтани сохтмони заводи мошинбарорӣ дар давлат ва ё аз ҷойи дигар овардани миқдори муайяни мошинҳо барои фурӯш қобилияти харидории мардум (талаботи ба пул таъминбудаи он) ба ҳисоб гирифта мешавад.
Ба суръати гардиши пул пасандоз кардани мардум низ таъсир мерасонад. Агар қисме аз мардум пулҳояшонро барои пӯшонидани хароҷоти калони оянда (сохтмони хона, хариди мошин, тӯй ва ғайра) захира кунанд, қисми дигар барои хариди саҳмияҳою гирифтани фоида захира мекунанд. Албатта, зиёд шудани пасандозҳо нишонаи дорошавии мардум аст, вале агар аз ҷониби ҳукумат тартиби таъмини истифодаи дурусти ин пулҳо дар оянда ба ҳисоб гирифта нашавад, дар ҳолати бо ягон сабаб яку якбора ба муомилот баромадани онҳо миқдори пул зиёд шуда, суръати гардиши он суст мешавад.
Ҳамин тариқ, миқдори пул ва суръати гардиши он ба ҳам алоқаманд буда, дар маҷмӯъ Мп×Сгп ҳаҷми умумии пулҳои барои хариди молҳо истифодашавандаро ташкил медиҳанд. Тағйир ёфтани яке аз онҳо боиси дигар шудани ҳаҷми умумии пулҳо гардида, ба қурби пулу нархи молҳо таъсир мерасонад.
Сатҳи умумии нархҳо
Тавре қаблан зикр намудем, дар ҳолати дигар шудани миқдори пул ва ё суръати гардиши он ва бетағйир мондани миқдори молҳо сатҳи умумии нархҳо низ тағйир меёбад. Агар тағйирёбии миқдори пулу суръати гардиши он боиси зиёд шудани ҳаҷми пули барои хариди молҳо сарфшаванда гардад, он гоҳ нархҳо боло мераванд. Баъзан ҳолати баръакс ҳам рӯй медиҳад, ки боиси пастшавии нархҳо мегардад. Дар асл чунин амал ба манфиати ҳукуматҳо نیست, бинобар ин онҳо ҳаракат мекунанд, ки ба он роҳ надиҳанд.
Паст шудани нархҳо боиси кам шудани фоидаи корхонаю ширкатҳо ва мутаносибан кам шудани даромади буҷет мегардад. Ҳукумат вобаста ба ин имкон надорад хароҷоти худро яку якбора кам кунад. Масалан, касе аз кормандони соҳаи буҷетӣ (муаллим, духтур ва ё нафақахӯру донишҷӯ) розӣ намешавад, ки музди меҳнат, нафақа ё стипендия кам карда шавад. Бинобар ин, ҳукуматҳо барои роҳ надодан ба пастравии нархҳо чораҳои гуногун, аз он ҷумла баровардани пули иловагӣ ба муомилотро меандешанд.
Албатта, дар бозор талабот ба молҳои гуногун якхела ва доимӣ нест, аз ин рӯ нархҳо тағйир меёбанд. Хусусан ҳангоми таваррум ҳиссаи хароҷот (дар ҳаҷми умумии хароҷотҳо) барои хариди молҳои мавриди ниёзи аввал (хӯрокворию либосворӣ) афзуда, барои хариди молҳои дуюмдараҷа (мошин, хона, яхдон ва ғайра) поён меравад. Вазъи иқтисодиёти Тоҷикистон дар солҳои навадуми асри гузашта мисоли хуби ин ҳолат аст. Дар ин давра нархимолҳои истеъмолӣ пайваста афзуда, суръати болоравии онҳо аз суръати болоравии нархҳои молҳои дуюмдараҷа даҳҳо маротиба зиёд буд.
Бо мақсади назорати ин амал ҳукумат ба воситаи кумитаи омор сабабҳои тағйирёбии нархҳоро омӯхта, барои устувор нигоҳ доштани онҳо чораҳои дахлдор меандешад. Аз рӯйи нархи гурӯҳи молҳои муайян (тахминан 350 намуд) сатҳи умумии нархҳо муайян карда мешавад. Дар омор ин нишондиҳанда намояи нархҳои истеъмолӣ(индекси нархҳои истеъмолӣ) ном дорад ва мо онро бо ҳарфи Н ишора менамоем.
Кормандони соҳаи омор ҳар ҳафта аз бозорҳои вилоят, шаҳру ноҳияҳо маълумоти заруриро оид ба нархи молҳои гурӯҳи муайян ҷамъ оварда, ба марказ мефиристанд.
Дар Кумитаи давлатии омор ин маълумотҳоро таҳлил намуда, тағйирёбии умумиҷумҳуриявӣ ва маҳаллии онҳоро муайян менамоянд. Таваррум ва намояи нархҳои истеъмолӣ, ки барои таъмини сиёсати дурусти иқтисодии ҳукумат заруранд, дар асоси маълумотҳои болоӣ ҳисоб карда мешаванд.
Миқдори мол
Дар боло бо роҳи зарб кардани миқдори пул ба суръати гардиши он мо ҳаҷми пули барои хариди молҳо сарфшавандаи харидоронро муайян намудем. Вале мо медонем, ки дар муқобили харидор фурӯшанда истодааст, ки миқдори муайяни молро дорост. Барои таъмини баробарӣ зарур аст, ки маблағи сарфкардаи харидор ба маблағи ба даст овардаи фурӯшандаю арзиши моли ӯ баробар бошад. Барои ин зарур аст, ки бо роҳи зарб кардани миқдори молҳо ба сатҳи умумии нархҳо арзиши умумии молҳои фурӯхташударо муайян намоем.
Агар мо миқдори молҳоро бо Мм ишора кунем, арзиши умумии молҳои фурӯхташуда ба Мм×Н баробар аст.
Донистани мазмуни мафҳумҳои миқдори пул, суръати гардиши пул, сатҳи умумии нархҳо ва миқдори мол имкон медиҳад, ки ба омӯзиши алоқамандии онҳо гузарем.
Қонуни муомилоти пулӣ ва назорати гардиши пул
Қонуни муомилоти пулӣ
Барои таъмини устувории нархҳо зарур аст, ки ҳаҷми пулҳои барои хариди молҳо сарфшаванда ба арзиши умумии молҳои барои фурӯш пешниҳодшуда баробар бошад:
Мп×Сгп=Мм×Н
Таҳлили иқтисодии ин амал ва имконияти муайян намудани миқдори пули барои муомилот зарурӣ боиси дар асри XIX аз ҷониби К. Маркс кашф гардидани қонуни муомилоти пулӣ шуд. Ин қонун талаб мекунад, ки миқдори пули ҳамчун воситаи муомилот истифодашаванда ба арзиши молҳои фурӯхташаванда (вобаста ба суръати гардиши пул) баробар бошад:
Мп=СгпМм×Н
Аз ин баробарӣ бармеояд, ки таъсир расонидан ба як ё ҳамаи нишондиҳандаҳои тарафи рости он (суръати гардиши пул, сатҳи умумии нархҳо, миқдори мол) ба миқдори пул бетаъсир намемонад.
Қонуни муомилоти пулӣ қонуни объективии иқтисодӣ буда, сарфи назар аз хоҳиши мо амал мекунад. Дар ҳолати риоя накардани он нархҳо боло рафта, боиси норозигии мардум аз сиёсати ҳукумат мегардад. Дар натиҷа, ин ҳукумату бонки марказиро маҷбур созад, ки сиёсати дурусти иқтисодиро амалӣ намоянд.
Вобаста ба пешрафти соҳаи бонкдорӣ ва пайдоиши шаклҳои нави қарздиҳию ҳисоббаробаркунӣ ба формулаи болоӣ унсурҳои нав илова шуда, шакли он тағйир ёфт:
Мп=СгпМм×Н−К+Пк−Уп
Дар ин ҷо:
-
К — арзиши молҳои ба қарз фурӯхташуда;
-
Пк — қарзҳои молие, ки мӯҳлати пардохташон расидааст;
-
Уп — арзиши ӯҳдадориҳои байниҳамдигарӣ, ки барои иҷрояшон пул истифода намешавад.
Мутобиқ ба назарияҳои мавҷуда, дар ҳолати татбиқи барномаи асосноки сиёсати пулӣ ва дар мӯҳлати дароз дучанд зиёд кардани миқдори пули дар муомилотбуда нархи молҳо то ба дараҷаи зиёдшавии миқдори пул боло рафта, дараҷаи истеҳсолот ва меъёри фоизи қарз бетағйир мемонанд.
Аз тарафи дигар, асоснок зиёд намудани миқдори пул то дараҷаи муайян боиси болоравии нархҳо гардад ҳам, ба болоравии истеҳсолот сабаб мешавад. Аз ин рӯ, қисми зиёди ҳукуматҳо миқдори пули дар муомилотбударо бо тартиби муайяни илман асоснокшуда зиёд менамоянд, ки он, аз як тараф, боиси болоравии истеҳсолот ва аз тарафи дигар, иҷрои барзиёди қисми даромади буҷет мегардад.
Назорати гардиши пул
Азбаски ба воситаи танзими гардиши пул ба нархҳою вазъи истеҳсолот таъсири мусбат расонидан мумкин аст, ҳукуматҳо ин воситаи идоракуниро васеъ истифода мебаранд.
Дар амал муайян намудани Мм (миқдори мол) бисёр мушкил аст, аз ин рӯ, иқтисоддонҳо ҳангоми таҳлили вазъи иқтисодиёт ба ҷойи он нишондиҳандаи даромади софи миллӣ-ро истифода мебаранд. Агар мо ин нишондиҳандаро бо Дс ишора намоем, баробарии Мп×Сгп=Мм×Н шакли зеринро мегирад:
Мп×Сгп=Дс×Н
(Нишондиҳандаи даромади софи миллӣ бо роҳи аз Маҷмӯи маҳсулоти миллӣ кам кардани маблағи барои барқароркунии (амортизатсия) фондҳои асосӣ сарфшаванда муайян карда мешавад).
Азбаски дар ин баробарӣ нишондиҳандаҳо бо ҳам зич алоқаманданд, ҳукумат ҳангоми татбиқи сиёсати иқтисодии худ бо роҳи таъсир расондан ба як ё якчандтои он метавонад яке аз нишондиҳандаҳоро тағйир диҳад. Ҳар як нишондиҳандаи ин баробариро дар алоҳидагӣ чунин муайян кардан мумкин аст:
-
Мп=СгпДс×Н
-
Сгп=МпДс×Н
-
Дс=НМп×Сгп
-
Н=ДсМп×Сгп
Агар ҳукумат дар назди худ мақсад гузорад, ки ба болоравии нархҳо хотима мегузорад, пас бояд яке аз се нишондиҳандаҳои тарафи ростро тағйир дода, дутои дигарашро бетағйир нигоҳ дорад.
Масалан, ҳукумат метавонад бо татбиқи сиёсати муайяни пулӣ миқдори пулро дар муомилот кам кунад, вале агар дар ин вақт суръати гардиши пул афзояд, ҳаҷми пули барои харид сарфшаванда тағйир намеёбад ва чорабинии ҳукумат натиҷаи дилхоҳ намедиҳад, ё ба таври дигар ба болоравии нархҳо хотима гузошта намешавад. Аз ин рӯ, ҳангоми таъсир расонидан ба яке аз нишондиҳандаҳо бетағйир нигоҳ доштани дутои дигар ба мақсад мувофиқ аст.
Дар ҳама ҳолат татбиқи сиёсати дурусти пулӣ метавонад боиси болоравии истеҳсолот гардад. Инро ба инобат гирифта, дар ҳама давлатҳо ҳукумат ҳаракат мекунад, ки аз ин воситаи идоракунӣ васеъ истифода барад.
Аз ин рӯ, омӯхтани масъалаҳои марбут ба ҳаҷми пул ва сохтори он ба мақсад мувофиқ аст.
Ҳаҷми пул ва зарурати назорати он
Ҳаҷми пул яке аз нишондиҳандаҳои муҳимми муомилоти пулӣ буда, аз ҷамъи пулҳои нақдию ғайринақдӣ ва ӯҳдадориҳои молиявӣ (вомбаргҳои давлатӣ ва сертификатҳои пасандозии бонкҳо) иборат мебошад.
Азбаски тағйир ёфтани ҳаҷми пул ба нарху дигар нишондиҳандаҳои иқтисодӣ таъсир мерасонад, ҳукумату бонкҳои марказӣ онро таҳти назорат мегиранд. Ҳангоми таҳлили иқтисодӣ бо роҳи муқоисаи ҳаҷми пул дар давраҳои муайян (масалан, аввали ҳар моҳ ё чаҳоряки сол) тағйирёбии онро муайян намуда, барои дар чорчӯбаи барномаи молиявии ҳукумат нигоҳ доштанаш чораҳои зарурӣ меандешанд.
Нишондиҳандаҳои алоҳидаи таркибии ҳаҷми пул агрегатҳои пулӣ ном дошта, бо ҳарфҳои зерин ифода мешаванд:
-
М0 — пулҳои нақди дар муомилотбуда;
-
М1 — ҷамъи пулҳои нақди дар муомилотбуда (М0) ва пулҳои дар ҳисобҳои ҷории бонкибудаи корхонаю муассисаҳо ва аҳолӣ (маблағи ҳисобҳои бонкие, ки соҳибонашон метавонанд онҳоро бе мамониат дар вақти дилхоҳ аз бонк гиранд ё ба ҳисобҳои дигар гузаронанд);
-
М2 — ҷамъи М1 ва пасандозҳои мӯҳлатноки аҳолӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ;
-
М3 — ҷамъи М2 ва вомбаргҳои давлатию сертификатҳои пасандозии бонкҳои тиҷоратӣ.
Эзоҳ:
Вомбаргҳои давлатӣ — коғазҳои қиматнокеанд, ки аз ҷониби Вазорати молия бо мақсади ҷалби пулҳои муваққатан озоди аҳолӣ барои пӯшонидани касри буҷет бароварда мешаванд. Ҳавасмандии мардум бо роҳи додани фоизи муайян ва ё маблағу молҳо ҳамчун бурди вомбаргҳо таъмин карда мешавад.
Сертификатҳои пасандозӣ — бонкҳои тиҷоратӣ бо мақсади ҳар чӣ зиёдтар ҷалб намудани пулҳои аҳолӣ метавонанд сертификатҳои пасандозӣ бароранд. Ин сертификатҳо мӯҳлатнок буда, бо нархи аз арзиши дар рӯяшон нишондодашуда камтар ва ё бо ваъдаи додани фоизи баланд ба аҳолӣ фурӯхта мешаванд.
Дар дунё вобаста ба сохтори бонкию молиявии мамлакатҳо тартиби гуногуни ҳисоб кардани агрегатҳои пулӣ вуҷуд дорад. Дар кишварҳое, ки муассисаҳои молиявии ғайрибонкӣ васеъ тараққӣ кардаанд, инчунин агрегати пулии М4(ҷамъи М3 ва коғазҳои қиматнок дар ин муассисаҳо) истифода мешавад.
Давлатҳои алоҳида вобаста ба тартиби таҳлили иқтисодӣ ва зарурати пурра муайян намудани омилҳои ба тағйирёбии ҳаҷми пул таъсиррасонанда миқдори гуногуни агрегатҳои пулиро истифода мебаранд. Масалан, дар Русия панҷ агрегати пулӣ (М0, М1, М2, М3, М2Х), дар ИМА — чор, дар Швейтсарияю Олмон — се ва дар Франция — ду агрегати пулӣ истифода мешаванд.
Ҳангоми муайянкунии вазъи муомилоти пулӣ нишондиҳандаи М2Х (пулҳои васеъ) истифода мешавад, ки он аз ҷамъи М2 ва пасандозҳои асъорӣ иборат аст. Ин нишондиҳанда ифодакунандаи қобилияти харидории мардум буда, барои банақшагирии истеҳсолу воридоти маҳсулот ва хизматрасонӣ истифода мешавад.
Ҳукумат ҳангоми таҳлили иқтисодӣ бояд ба ин нишондиҳанда диққати махсус диҳад, зеро дар ҳолати истифодаи васеи асъори хориҷӣ пастшавии қурби пули миллӣ ва аз ин рӯ, камшавии истифодааш дар муомилот метавонад ба ҳаҷми пул таъсири манфӣ расонад. Дар чунин ҳолат ҳукумат бояд сари вақт аз он хабардор шуда, барои пур кардани ҷойи маблағи асъори хориҷии берунрафта бо пули миллӣ чора андешад, вагарна ин боиси норасоии пули миллӣ ва болоравии қурби он мегардад, ки ба манфиати ҳукумат نیست.
Масалан, дар муомилоти пулии Тоҷикистон то соли 2007 долларҳои ИМА васеъ истифода мешуданд. Азбаски хариду фурӯши молҳои қиматнок (хона, биноҳо, мошин, мебел) бо истифодаи доллар анҷом меёфт, ҳиссаи он дар ҳаҷми пул мумкин аст на камтар аз 30 фоизро ташкил медод. Ба ҳама маълум аст, ки солҳои 2002-2007 қурби доллари ИМА нисбат ба еврою асъорҳои дигар тахминан 45 фоиз поён рафт. Агар ин тамоил боиси аз доллар даст кашидани мардум мегардид, пас ҳукуматро зарур буд, ки сари вақт аз он огоҳӣ ёфта, ҷойи ин маблағҳоро бо пули миллӣ пур кунад.
Илова ба агрегатҳои пулии дар боло зикршуда, нишондиҳандаи дигари ифодакунандаи таркиби ҳаҷми пул базаи пулӣ ё пулҳои захиравӣ мебошад, ки инҳоро дар бар мегирад:
-
Пулҳои нақди дар муомилот ва кассаҳои бонкҳои тиҷоратӣ буда;
-
Маблағи фонди захираҳои ҳатмии бонкҳои тиҷоратӣ дар бонки марказӣ;
-
Маблағи ҳисобҳои муросилотӣ (корреспондентӣ)-и бонкҳои тиҷоратӣ дар бонки марказӣ.
Қисме аз давлатҳо ҳангоми татбиқи сиёсати пулию қарзиашон аз ин нишондиҳанда истифода мебаранд.
Ҳангоми омода намудани сиёсати пулию қарзӣ бонки марказӣ нишондиҳандаи ҳаҷми пулро барои аввали ҳар моҳ ё квартали соли дар пеш истода муайян намуда, баъдан онро дар ин чорчӯба нигоҳ медорад, то тағйирёбии он боиси болоравии нархҳо нагардад.
Ҳамин тариқ, омӯзиш ва муайян намудани ҳаҷми пул ва қисмҳои таркибии он имконият медиҳад нишондиҳандаҳои зерини иқтисодӣ муайян карда шуда, барои таъмини сиёсати манфиатноки иқтисодии ҳукумат истифода шаванд:
-
Дараҷаи таъминбудани муомилот ба пул (коэффитсиенти монетизатсия) бо роҳи тақсими ҳаҷми пул (М2 ё М2Х) ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ;
-
Ҳиссаи пулҳои нақдӣ дар ҳаҷми умумии пул бо мақсади андешидани чораҷӯиҳо барои пайваста кам кардани он;
-
Қобилияти харидории мардум барои банақшагирии дурусти истеҳсол ва воридоти молу хизматрасониҳо;
-
Таҳти назорат гирифтани тағйирёбии ҳаҷми пул бо роҳи дар сиёсати пулию қарзӣ пешбинӣ кардани сатҳи дигаршавии М2 ва базаи пулӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё