Муомилоти пулӣ ва қарз

Шариф Раҳимзода. Китоби дарсӣ оид ба пайдоиш, вазифа ва муомилоти пул, қарз, таваррум ва муносибатҳои асъорию қарзии байналмилалӣ.
Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 29 саҳифа
Ташкили муносибатҳои қарзӣ
Муносибатҳои байни қарздиҳанда ва қарзгиранда оид ба гирифтан, истифода бурдан ва баргардонидани қарзро муносибатҳои қарзӣ меноманд.
Асосҳои муносибатҳои қарзиро зарурати таъмини пешрафти истеҳсолот ва қонеъ гардонидани талаботи дигари қарзгирандагон ташкил медиҳанд. Ташкили самараноки муносибатҳои қарзӣ ба сиёсати қарзии корхонаҳо, шахсони алоҳида, бонкҳои тиҷоратӣ ва муассисаҳои дигари қарзӣ, шарту шароитҳои қарздиҳӣ, истифодабарӣ ва сари вақт баргардонидани қарз вобаста аст.
Сиёсати қарзии корхона
Ҳар як корхонае, ки истеҳсолоти доимӣ дорад, бо сабабҳои гуногун истифодабарандаи қарзи тиҷоратӣ ё бонкӣ мебошад. Истифодаи қарз боиси аз даст рафтани як қисми фоидаи корхона мегардад, ки ин ба мақсад мувофиқ нест. Аз ин рӯ, корхонаро зарур аст, ки сиёсати самараноки қарзии худро дошта бошад.
Сиёсати қарзии корхона ҳолатҳои ба қарз фурӯхтан ва ё харидани мол, тартиби муайян кардани фоизи ба нархи мол иловашаванда, додани имтиёзҳо дар ҳолати пардохти пули мол пеш аз мӯҳлат, ҳолатҳои гирифтани қарз, меъёрҳои интихоби қарздиҳанда, шартҳои қарз, таъмини истифодаи самаранок ва сари вақт баргардонидани онро дар бар мегирад.
Корхона бо харидори моли худ муносибатро бояд тарзе ташкил кунад, ки онҳо пули молро сари вақт диҳанд, то ба қарз мӯҳтоҷ нашавад. Ташкили муносибати хуби ҳамкорӣ бо фурӯшандагон низ аҳамияти хоса дорад, зеро дар ҳолати хариди мол (масалан, ашёи хом) ва надоштани маблағи зарурӣ фурӯшандаҳо метавонанд ба он мӯҳлати муайян диҳанд. Ин амал боиси аз байн рафтани зарурати истифодаи қарзи бонкӣ ва додани фоизи иловагӣ мегардад.
Ҳолатҳои ба қарз фурӯхтан ва ё харидани мол
Азбаски хариду фурӯши мол раванди доимӣ буда, ҳалли масъалаҳои он ба ӯҳдаи сохтори дахлдори корхона вогузор мешавад, зарур аст, ки ҳолатҳои ба қарз додани мол ва ё харидани он пешакӣ муайян карда шаванд.
Масалан, корхона метавонад дар ҳолатҳои зерин молро ба қарз диҳад:
-
а) ба пардохтпазирии харидор боварӣ дорад;
-
б) харидори боэътимод ба нархи нисбатан баланди мол розӣ аст;
-
в) харидор кафолатномаи бонки боэътимодро дорад;
-
г) талабот ба ин мол дар бозор зиёд нест;
-
д) сифати мол ба талабот пурра ҷавоб намедиҳад;
-
е) мавсими фурӯши мол гузаштааст ва ғайра.
Ҳолатҳои ба қарз харидани мол метавонанд инҳо бошанд:
-
а) мавҷуд набудани маблағи зарурӣ дар суратҳисоб;
-
б) паст будани иловапулии фурӯшанда нисбат ба фоизи қарзи бонкӣ;
-
в) бандҳои г, д ва е-и сархати пешин.
Корхонаҳое, ки ба бозоргирии молашон боварӣ доранд, аз харидорони пардохтнопазир кафолатномаи бонкӣ талаб мекунанд. Кафолатномаи бонкӣ бо тартиби мавҷуда аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ ва муассисаҳои дигари қарзие дода мешавад, ки ба фаъолияти самараноки мизоҷонашон ҳавасманданд.
Тартиби муайян кардани фоизи ба нархи мол иловашаванда
Вобаста ба сабаб ё ҳолати барои қарз фурӯхтани мол, нархи он метавонад гуногун бошад. Масалан, дар ҳолати ба талаботи бозор ҷавобгӯй будани мол нархи яклухти онро боло бурдан мумкин аст.
Сатҳи болобарии нархи мол ба сиёсати қарзии корхона вобаста аст. Корхонаҳо бояд сатҳи мавҷуда ва суръати болоравии таваррум, мизони фоизи корхонаҳои фурӯшанда, бозоргирии мол ва фоизи қарзи бонкиро ба инобат гиранд. Қисме аз ширкатҳои аврупоӣ дар ин кор LIBOR-ро (London Inter-Bank Offered Rate) истифода мекунанд, зеро он вобаста ба сатҳи таваррум муайян карда мешавад.
Мисол: Агар LIBOR 6 фоиз бошаду мӯҳлати қарз 3 моҳ, пас ба нархи фурӯши мол тахминан 1.5 фоиз (6%×123) илова карда мешавад. Корхонаҳои дигар вобаста ба бозоргирии молашон фоизи зиёдтарро илова мекунанд.
Молҳо нархҳои яклухт ва чакана доранд:
-
Нархи яклухт ҳангоми фурӯши мол ба харидоре истифода мешавад, ки баъдан онро ба бозор мебарорад.
-
Нархи чакана нархест, ки шахсони алоҳида дар бозор ё мағоза ба фурӯшандаи мол мепардозанд.
Мисол: Харидор дегҳои оҳаниро аз корхона бо нархи яклухт (як дег 20 сомонӣ) харида, дар бозор онҳоро бо нархи чакана (як дег 23 сомонӣ) мефурӯшад.
Дар ҳама ҳолат зарур аст, ки фоизи иловашуда аз фоизи қарзи бонкӣ зиёдтар бошад, зеро мумкин аст корхона барои қонеъ гардонидани талаботаш аз он истифода барад. Дар алоҳидагӣ, фарқи манфии байни ду намуди фоиз боиси зарари корхона мегардад.
Додани имтиёзҳо дар ҳолати пардохти пули мол пеш аз мӯҳлат
Корхона метавонад имтиёзҳои зеринро ба харидорон пешниҳод кунад:
-
а) додани мол бо нархи арзонтар ҳангоми хариди навбатӣ;
-
б) кам кардани нархи моли ба қарз додашуда;
-
в) ба ӯҳдаи худ гирифтани харҷи роҳ;
-
г) бо нақлиёти худ расонидани мол ба харидор ва ғайра.
Мисол: Корхона эълон мекунад, ки ҳангоми додани пули мол дар давоми ҳафтаи аввал нархи он 2.5 фоиз кам карда мешавад. Чунин амал метавонад ҳам харидорро ҳавасманд кунад ва ҳам корхонаҳои дигареро, ки ҳоло харидори моли ин корхона нестанд, зеро онҳо дар ин амал арзоншавии нархи яклухти молро мебинанд.
Ҳолатҳои гирифтани қарз
Корхона на танҳо молашро ба қарз медиҳад, балки аз дигар корхонаҳои ҳамкор ё бонк низ қарз мегирад. Бинобар ин, онро зарур аст, ки ҳолатҳои ба қарз харидани мол ва ё барои ин мақсад ҷалб кардани қарзи бонкиро муайян намояд. Агар иловапулии фурӯшанда аз фоизи қарзи бонкӣ зиёд бошад, корхона аз хизмати бонк истифода мекунад ва баръакс. Аз ин рӯ, сохторҳои дахлдори корхонаро зарур аст, ки вазъи бозор, фоизбандӣ ба қарзҳои тиҷоратӣ ва бонкӣ ва шарту шароитҳои қарзгириро хуб донанд.
Меъёрҳои интихоби қарздиҳанда инҳоянд:
-
а) арзон будани қарз (паст будани мизони фоизи қарздиҳанда);
-
б) ба мӯҳлати зарурӣ додани қарз;
-
в) шартҳои муносиб.
Имрӯз ба шарофати истифодаи хизматрасониҳои интернетӣ корхонаҳо метавонанд қарздиҳандаро озодона интихоб кунанд. Бонкҳо ба воситаи интернет хизматҳои худро пешниҳод менамоянд ва ҳар корхонае, ки ба шартҳои қарздиҳанда ҷавобгӯй аст, метавонад аз он қарз гирад. Масофаи байни қарздиҳанда ва қарзгиранда аҳамияте надорад. Дар ҳолати доштани гарави боэътимод корхона метавонад аз хизмати бонки дар кишвари дигар буда низ истифода барад.
Шартҳои қарз
Таъмини қарз, тартиби баргардонидани қарз (қисм-қисм ё дар охир), фоизи қарз ва тартиби додани фоиз (дар аввал, қисм-қисм ё дар охир) шартҳои осoсии қарзанд. Муфидии истифодаи қарз аз шартҳои он вобастагии мустақим дорад. Масалан, арзонӣ ё қиматии қарз ба тартиби пардохти фоиз сахт алоқаманд аст: дар аввал додани фоиз нархи аслии қарзро боло мебарад.
Мисол: Корхона аз бонк 10,000 сомонӣ қарзи яксола мегирад. Фоизи қарз 20% буда, дар аввал гирифта мешавад. Яъне, корхона дар асл 8,000 сомонӣ маблағ гирифта, дар охири мӯҳлат 10,000 сомонӣ бармегардонад. Дар ин ҳолат фоизи аслии қарз 25%-ро ташкил медиҳад:
Фоизи аслӣ=(2000/8000)×100%=25%
Таъмини истифодаи самараноки қарз ва сари вақт баргардонидани он
Роҳбарияти корхона метавонад дар сиёсати қарзии худ назорати истифодаи самараноки қарз ва баргардонидани саривақтии онро ба ӯҳдаи сохтори дахлдор (аксар вақт шуъбаи махсуси назоратӣ ё шуъбаи молия) вогузор намояд.
Мақсади чунин назорат ташкили саривақтии фурӯши мол ва баргардонидани қарз мебошад. Қарз бояд баробари ворид шудани воситаҳои пулӣ ба суратҳисоби корхона баргардонида шавад, зеро таъхиркорӣ боиси додани фоизи барзиёд ва ҷаримаҳо мегардад. Татбиқи дурусти сиёсати қарзии корхона имкон медиҳад, ки воситаҳои пулии он самаранок истифода шуда, талаботи муваққатиаш бо харҷи камтар қонеъ гардонда шаванд.
Сиёсати қарзии бонки тиҷоратӣ
Бонкҳои тиҷоратӣ ва муассисаҳои дигари қарзӣ (дар оянда «бонкҳо») дар фаъолияти худ ба қонунҳои мавҷудаи кишвар оид ба бонкдорӣ такя карда, манфиати саҳмдорону соҳибони маблағҳои пулии дар онҳо пасандозшударо ҳимоя мекунанд. Сиёсати қарзии бонки тиҷоратӣ дар асоси қонунҳои амалкунанда, сиёсати қарзии ҳукумату бонки марказӣ ва мақсадҳои гузоштаи шӯрои бонк муайян карда мешавад.
Ба муассисаҳои дигари қарзӣ ломбардҳо, иттифоқҳои қарзӣ, ташкилотҳои қарзии хурд ва ғайраҳо дохил мешаванд. Аз сабаби кам будани сармояашон, бонки марказӣ ба онҳо танҳо барои иҷрои қисме аз вазифаҳои бонкӣ иҷозат медиҳад ва миқдори саҳҳомону мизоҷонашон низ маҳдуд карда мешавад.
Қисмҳои таркибии сиёсати қарзии бонки тиҷоратӣ инҳоянд:
-
а) шартҳои қарз;
-
б) тартиби муайян кардани қобилияти қарзадокунии қарзгиранда;
-
в) таъминнокии қарз (роҳҳои таъмини иҷроиши ӯҳдадориҳои қарзӣ);
-
г) чорабиниҳо оид ба таъмини бозгашти қарз ва тартиби баргардонидани он.
Шартҳои қарз
Бонкҳои тиҷоратӣ фаъолияти қарзии худро асосан аз ҳисоби маблағҳои пулии ҷалбшуда (пасандозҳову амонатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ) ба роҳ мемонанд ва барои сари вақт баргардонидани онҳо ҷавобгаранд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки маблағ, мӯҳлат ва шартҳои дигари ба қарз додани маблағҳо дуруст муайян карда шаванд.
Шӯрои бонки тиҷоратӣ барои ҳамаи сохторҳои он нишондиҳандаҳои зеринро муайян мекунад:
-
Маблағи калонтарини қарз;
-
Ҳуқуқи қабули қарор оид ба додани қарз вобаста ба маблағи он;
-
Тартиби баргардонидани қарз (қисм-қисм ё дар охир);
-
Мизони фоизи бонкӣ;
-
Тартиби муайян кардани фоизи қарз ва гирифтани он (дар аввал, қисм-қисм ё дар охир).
Мисол: Шӯрои бонки тиҷоратӣ метавонад чунин тартиби қабули қарорро муайян кунад:
Шуъбаҳои бонк ҳуқуқ доранд оид ба додани қарзҳои маблағашон то 25,000 сомонӣ мустақилона қарор қабул кунанд.
Қарорҳои додани қарзҳои аз 25,000 то 50,000 сомонӣ аз ҷониби идораҳои вилоятии бонк ва аз он зиёд аз ҷониби кумитаи қарздиҳии раёсати бонк қабул карда мешаванд.
Қисми муҳими сиёсати қарзии бонки тиҷоратӣ муайян кардани фоизи қарз мебошад. Ҳангоми муайянкунии он кормандони бонкро зарур аст, ки таъсири омилҳои гуногунро ба инобат гиранд.
Омилҳои умумииқтисодие, ки ба фоиданокии фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ таъсир мерасонанд:
-
а) таносуби талабот ва пешниҳод (demand and supply) дар бозорҳои пул ва сармоя;
-
б) тағйирёбии мизони фоизи қарзҳои бонки марказӣ (меъёри қайди дубора / рефинансирование);
-
в) сатҳ ва суръати болоравии таваррум;
-
г) мизони фоиз ва шартҳои бозори қарзии байнибонкӣ.
Ба фоиданокии фаъолияти бонкҳои алоҳида ва сатҳи фоизи онҳо омилҳои зерин таъсир мерасонанд:
-
а) сиёсати бонк оид ба ҷалби пасандозҳо ва амонатҳо (сохтори воситаҳои ҷалбшуда);
-
б) ҳаҷми воситаҳои худии бонк;
-
в) фоиданокии фаъолияти бонкӣ;
-
г) маблағ ва мӯҳлати қарзи додашуда;
-
д) сатҳи пардохтпазирии мизоҷ;
-
е) шакли таъмини қарз.
Сиёсати бонк оид ба ҷалби пасандозҳо нишон медиҳад, ки бонк бештар кадом намуди пасандозҳоро (кӯтоҳмуддат, миёнамуддат ё дарозмуддат) мепазирад. Каму зиёд будани мизони фоизи пасандозҳо ба сиёсати бонк оид ба ҷалби онҳо алоқамандии зич дорад. Масалан, агар бонк бештар пасандозҳои дарозмуддатро ҷалб карданӣ бошад, мизони фоизи барои онҳо додашавандаро баландтар мебардорад ва баръакс. Ба мӯҳлати дароз пасандоз кардани маблағҳо аз ҷониби корхонаҳо ва одамони алоҳида ба бонк имкон медиҳад, ки ҳиссаи қарзҳои дарозмуддатро дар ҷамъи умумии қарзҳо зиёд кунад. Азбаски чунин намуди қарзҳо нисбатан қиматтаранд, фоиданокии бонк низ зиёд мешавад.
Ҳар қадар ки ҳиссаи воситаҳои худии бонк дар ҳаҷми умумии захираҳои қарзиаш зиёд бошад, ҳамон қадар фоиданокии фаъолияташ баланд аст, зеро воситаҳои худӣ бепуланд. Барои истифодаи воситаҳои ҷалбшуда (пасандозҳо) бошад, бонкҳо фоиз медиҳанд. Ин таносубро ба инобат гирифта, бонк метавонад мизони фоизи қарзро вобаста ба пардохтпазирии мизоҷ каму зиёд кунад.
Фоиданокии фаъолияти бонкӣ на танҳо ба қарздиҳӣ вобаста аст. Дар баробари он бонк метавонад аз ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ ва ғайринақдӣ, хизматрасонии кассавии мизоҷон, табдили асъор, инкассатсияи пул ва ғайра фоида гирад. Агар фоидаи бонк аз намудҳои дигари фаъолияташ кофӣ бошад, он метавонад бо мақсади ҷалби мизоҷон мизони фоизи қарзҳояшро камтар кунад.
Тартиби муайян кардани қобилияти қарзадокунии қарзгиранда
Дар таҷрибаи бонкдорӣ усулҳои гуногуни муайян кардани қобилияти қарзадокунии мизоҷон истифода мешаванд. Ҳар як бонк вобаста аз сохтори бонкии кишвар, шакли ҳисобдорӣ, дастурамалҳои бонки марказӣ ва омилҳои дигар яке аз ин усулҳоро интихоб ва ҳангоми муайян кардани қобилияти қарзадокунии мизоҷон истифода мекунад.
Моҳияти ин усулҳо аз таҳлили вазъи молиявии қарзгиранда ва муайян кардани сатҳи пардохтпазирии он иборат аст. Вобаста ба сатҳи пардохтпазирии мизоҷ маблағ, мӯҳлат, фоизи қарз ва шартҳои дигари қарздиҳӣ муайян карда мешаванд.
Таъминнокии қарз (роҳҳои таъмини иҷроиши ӯҳдадориҳои қарзӣ)
Қарзҳои додашаванда намудҳои гуногуни таъминнокӣ доранд:
-
Қисме аз онҳо бо амвол,
-
Қисми дигар бо коғазҳои қиматнок,
-
Қисми сеюм бо замонатномаҳои корхонаҳо ва кафолатномаҳои бонкӣ таъминанд.
Дар баробари онҳо қарзҳое низ ҳастанд, ки таъминашон танҳо боварӣ ба қарзгиранда аст (бланковые кредиты). Шӯрои бонк дар сиёсати қарзии худ истифодаи намудҳои муайяни таъминнокии қарзҳоро пешбинӣ мекунад.
Чорабиниҳо оид ба таъмини бозгашти қарз ва тартиби баргардонидани он
Додани қарз маънои то расидани мӯҳлати баргардониданаш фаромӯш кардани онро надорад. Бонк бо усулҳои дар таҷрибаи ҷаҳонии бонкдорӣ маъмул фаъолияти қарздорро таҳти назорат мегирад, то тавонад баргардонидани саривақтии қарзро таъмин намояд.
Дар таҷрибаи муносибатҳои қарзӣ роҳҳои гуногуни баргардонидани қарз истифода мешаванд:
-
Онро худи қарздор қисм-қисм дар давраҳои муайян бармегардонад;
-
Мувофиқи шартнома, бонк ҳар сари чанд вақт маблағи муайяни онро аз суратҳисоби қарздор мустақилона мегирад;
-
Он бо роҳи ба савдо мондани амволи гарав гузошташудаи қарздор баргардонида мешавад ва ғайра.
Роҳбарияти бонки тиҷоратӣ усули назоратии ба талаботаш ҷавобгӯ ва тартиби баргардонидани қарзҳоро муайян мекунад. Ҳамин тариқ, сиёсати қарзии бонки тиҷоратӣ талаботи умумиро оид ба интихоби қарзгирандаи боэътимод, муайян кардани маблағу мӯҳлати қарз, таъминнокӣ ва тартиби баргардонидани онро дар бар мегирад.
РАВАНДИ ҚАРЗДИҲӢ
Раванди қарздиҳӣ ҷамъи амалиёти ба ҳам пайвастаест, ки аз пешниҳоди дархост барои гирифтани қарз шурӯъ шуда, бо пурра баргардонидани он ба анҷом мерасад. Он дар асоси сиёсати қарзии бонк ба роҳ монда мешавад.
Раванди қарздиҳиро ба чанд марҳала ҷудо намудан мумкин аст:
-
Омӯзиши дархости мизоҷ оид ба гирифтани қарз (дархости қарзӣ);
-
Муайян кардани хатари барнагаштани қарз;
-
Таҳлили қобилияти қарзадокунии қарзгиранда;
-
Интихоби гарави қарз;
-
Қабули қарор оид ба додани қарз ва шартҳои он;
-
Бастани шартномаи қарзӣ ё гирифтани ӯҳдадориномаи қарзӣ (кредитное обязательство) ва додани қарз;
-
Назорати иҷрои шартҳои шартнома ва баргардонидани қарз (дар ҳолати қисм-қисм баргардонидани он);
-
Пурра баргардонидани қарз.
16.1. Ташкили раванди қарздиҳӣ
Барои дуруст ба роҳ мондани раванди қарздиҳӣ зарур аст, ки кормандони бонк дар масъалаҳои таҳлили фаъолияти қарзгирандагон, муайян намудани пардохтпазирӣ, даромаднокии фаъолияти онҳо ва нишондиҳандаҳои дигар донишу малакаи кофӣ дошта бошанд.
Дар кишварҳои пешрафта вобаста ба сатҳи баланди истифодаи воситаҳои ҳозиразамони компютерӣ ва озодона чоп шудани ҳисоботҳои ширкатҳо дар матбуоти даврӣ ва электронӣ, барои гирифтани қарз танҳо дархост лозим асту бас. Маълумоти дигари заруриро худи бонкҳо аз сайтҳои ширкатҳо ва муассисаҳои махсуси ҷамъкунандаи маълумот ба даст меоранд. Дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳангоми зарурати истифодаи қарз ба бонкҳо миқдори зиёди ҳуҷҷатҳо пешниҳод мешаванд.
Ташкили раванди қарздиҳӣ дар Тоҷикистон ба тартиби дар кишварҳои дигари Иттиҳоди Шӯравии пешин истифодашаванда монанд аст. Барои гирифтани қарз қарзгирандаро зарур аст, ки ба бонки дахлдор дархости қарзӣ (кредитная заявка), ҳисоботҳои молиявӣ ва ҳуҷҷатҳои дигарро пешниҳод кунад.
Дархости қарзӣ ҳуҷҷатест, ки аз ҷониби қарзгиранда пур карда шуда, маълумотҳои зеринро дар бар мегирад:
-
а) маблағи қарз;
-
б) асъори қарз (бо пули миллӣ ё асъори хориҷӣ);
-
в) намуди қарз (нақдӣ, ғайринақдӣ, таъминбуда ё таъминнабуда ва ғайра);
-
г) мӯҳлати қарз;
-
д) мақсади истифодаи қарз (барои таъмини гардиши воситаҳои гардон, хариди таҷҳизот, додани музди меҳнат ва ғайра);
-
е) тартиби баргардонидани қарз (қисм-қисм ё дар охир);
-
ж) тартиби баргардонидани фоизи қарз (дар аввал, қисм-қисм ё дар охир);
-
з) таъмини қарз (бо амвол, замонатномаи ширкатҳои дигар, кафолатномаи ҳукумату бонкҳо ва ғайра).
Илова ба дархости қарзӣ, корхонаҳо ба бонк ҳуҷҷатҳои зеринро низ пешниҳод мекунанд:
-
Ҳисоботи молиявӣ: Тавозун (баланс) ва ҳисоботи фоидаю зарари корхонаро барои се соли охир дар бар мегирад. Таҳлили моддаҳои тавозун ба корманди бонк имкон медиҳад, ки вазъи молиявии қарзгиранда, сармоя, дороиҳо (активҳо) ва ӯҳдадориҳои онро муайян намояд.
-
Ҳисобот оид ба гардиши воситаҳои пулӣ (Cash Flow): Таҳлили гардиши воситаҳои пулӣ (вақт ва маблағи даромади воситаҳои пулӣ ба суратҳисобу кассаи корхона ва харҷи онҳо ба мақсадҳои гуногун) имкон медиҳад, ки давраҳои зиёдшавии талаботи корхона ба қарз ва вақти муваққатан озод мондани воситаҳои пулии он муайян карда шаванд.
-
Ҳисоботҳои молиявии семоҳа: Таҳлили онҳо имкон медиҳад, ки вазъи молиявии қарзгиранда ва талаботи иловагии он дар дохили сол муайян карда шаванд.
-
Гувоҳномаҳо (справка) аз бонк ва сохторҳои андоз: Гувоҳномаи бонк барои муайян кардани маблағи ӯҳдадориҳои пардохтнашудаи қарзгиранда, гарави онҳо ва сатҳи хатари барнагаштани қарзи нав зарур аст. Гувоҳномаи сохтори андоз қарздор будан ё набудани қарзгирандаро аз мақомоти андоз нишон медиҳад.
-
Нақшаи корӣ (бизнес-план): Дар он қарзгиранда тартиби истифода ва сарчашмаҳои баргардонидани қарз ва фоизи онро нишон медиҳад.
Илова ба маълумотҳои дар асоси таҳлили ҳуҷҷатҳои болоӣ гирифташуда, бонкҳо аз сарчашмаҳои дигар низ истифода мекунанд. Дар кишварҳои аврупоӣ ва қитъаи Амрико муассисаҳои махсусе вуҷуд доранд, ки маълумотҳои заруриро оид ба вазъи молиявии ширкату соҳибкорон ҷамъ карда, ба бонкҳо ва ширкатҳои талабгор мефурӯшанд (масалан, дар ИМА муассисаҳои номдори Dun & Bradstreet, TRW, Equifax ва TransUnion).
Баъди омӯзиш ва таҳлили дархости қарзӣ ва ҳуҷҷатҳои дигар, зинаи навбатӣ — суҳбат бо қарзгиранда (соҳиби корхона, роҳбар ва ё намояндаи он) аст. Дар асоси чунин суҳбат корманди бонк сатҳи кордонӣ, садоқатмандӣ, поквиҷдонӣ, самимият ва сифатҳои дигари қарзгирандаро муайян мекунад. Баъди ҷамъоварии маълумот ва суҳбат, корманди бонк қарорро оид ба додан ё надодани қарз қабул менамояд.
16.2. Хатари барнагаштани қарз
Муайян кардани хатари барнагаштани қарз (Value at Risk) марҳалаи дигари раванди қарздиҳӣ мебошад. Ин нишондиҳандаро ба таври дигар хатари иҷро нашудани ӯҳдадориҳои қарзӣ низ меноманд.
Мувофиқи таҷрибаи бонкдории ҷаҳонӣ, ҳамаи қарзҳои додашударо дар якҷоягӣ сандуқи қарзҳо (кредитный портфель) меноманд. Дар дохили сандуқи қарзҳо онҳоро вобаста ба хатари барнагаштанашон ба гурӯҳҳои алоҳида ҷудо мекунанд:
-
Гурӯҳи аввал: Қарзҳои боэътимод (ба мизоҷони вазъи молиявиашон устувор додашуда).
-
Гурӯҳҳои дуюм, сеюм ва чорум: Қарзҳои дорои дараҷаҳои гуногуни хатар вобаста ба ноустувории вазъи молиявии мизоҷон.
Сабабҳои болоравии хатари барнагаштани қарз:
-
Тағйир ёфтани муҳити корӣ вобаста ба бӯҳрони иқтисодӣ дар кишвар ё минтақа;
-
Ба натиҷаи дилхоҳ ноил нашудани қарздор вобаста ба тағйири вазъи иқтисодӣ ё муносибат бо ҳамкорон;
-
Паст рафтани нархи амволе, ки чун гарави қарз қабул шудааст;
-
Суиистифода кардани кормандони қарздор аз вазифа ва ба манфиати худ истифода кардани қарз.
Омилҳои ба сатҳи хатари барнагаштани қарз таъсиркунанда ба дохилӣ ва берунӣ ҷудо мешаванд:
-
Омилҳои берунӣ: Мустақил аз фаъолияти кормандони бонк пайдо мешаванд (бӯҳронҳо, иҷро накардани ӯҳдадориҳо аз ҷониби қарздорони бевиҷдон, бад шудани вазъи бозор).
-
Омилҳои дохилӣ: Хатоҳои кормандони бонк, суиистифода аз вазифа, ба инобат нагирифтани вазъи молиявии мизоҷ, баҳои нодуруст додан ба фаъолияти он, риоя накардани дастурамалҳои бонк ва хато дар сиёсати қарзии бонк.
Роҳҳои асосии кам кардани хатари барнагаштани қарз ин ташкили дурусти раванди қарздиҳӣ, баланд бардоштани донишу малакаи касбии кормандони бонк ва дуруст муайян кардани қобилияти қарзадокунии қарзгиранда мебошанд.
16.3. Қобилияти қарзадокунии қарзгиранда
Таҳти мафҳуми қобилияти қарзадокунии қарзгиранда имкониятҳои он оид ба иҷрои саривақтии ӯҳдадориҳои молиявӣ ва баргардонидани қарз ва фоизи он фаҳмида мешавад (масалан, додани андозҳо ва пардохтҳои гумрукӣ ба гурӯҳи ӯҳдадориҳои ҳатмии молиявӣ дохил мешаванд).
Бонкҳои кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар фаъолияти худ бештар усули «Панҷ C» (Five C's)-ро истифода мекунанд, ки мувофиқи он паҳлӯҳои зерини фаъолияти қарзгиранда таҳлил мешаванд:
-
Хислати қарзгиранда (Character): Поквиҷдониву масъулиятшиносӣ ва хоҳиши аслии баргардонидани қарз. Барои муайян кардани он суҳбати рӯ ба рӯ ва истифодаи сарчашмаҳои берунӣ кӯмак мекунад.
-
Пардохтпазирӣ (Capacity): Қобилияти эҳтимолии қарздор оид ба пардохти маблағҳо дар оянда дар асоси таҳлили вазъи молиявии чанд соли охир.
-
Сармоя (Capital): Таносуби қарзҳои мавҷуда, даромад ва ӯҳдадориҳои қарздор нисбат ба сармояи худии корхона. Агар қарзҳои доштааш нисбат ба сармояаш зиёд бошанд, сатҳи қобилияти қарзадокуниаш паст арзёбӣ мегардад.
-
Таъминнокӣ ё гарави қарз (Collateral): Дороиҳо (амвол, хона), замонатномаҳо ё кафолатномаҳое, ки ба ҳайси гарав қабул мешаванд. Корманди бонк бояд бозоргирӣ ва арзиши воқеии гаравро дуруст муайян намояд.
-
Шароит ва омилҳои берунӣ (Conditions): Вазъи умумии иқтисодӣ дар кишвар, шароити соҳа ва омилҳое, ки метавонанд ба фаъолияти қарзгиранда таъсир расонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё